Каромат Шарипов суди ноҳияи Исмоили Сомониро ба маҳкама кашид

Собиқ роҳбари ҳаракати умумирусиягии «Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик» Каромат Шарипов рӯзи 2 июл аз болои қарори суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ, ки даъвои ӯро нисбати ВКД Тоҷикистон қонеъ накард, ба суди шаҳри Душанбе шикоят бурд. Каромат Шарипов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки даъво ба суди шаҳрӣ «ба беамалии судяи ноҳияи Исмоили Сомонӣ дахл дошта, […]

Собиқ роҳбари ҳаракати умумирусиягии «Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик» Каромат Шарипов рӯзи 2 июл аз болои қарори суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ, ки даъвои ӯро нисбати ВКД Тоҷикистон қонеъ накард, ба суди шаҳри Душанбе шикоят бурд.

Каромат Шарипов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки даъво ба суди шаҳрӣ «ба беамалии судяи ноҳияи Исмоили Сомонӣ дахл дошта, аз 18 саҳифа иборат аст. «Аз суди шаҳри Душанбе хоҳиш дорам, ки ин парванда мунсифона баррасӣ шавад», – гуфт ӯ.

Қобили зикр аст, ки рӯзи 4 июни соли равон  суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт даъвои Каромат Шариповро нисбати ВКД Тоҷикистон қонеъ накарда, баррасии минбаъдаи парвандаро рад намуд: суд даъвои ӯро беасос эътироф кард.

Шарипов бар ин назар аст, ки ба суд фишор сурат гирифтааст. Баъди мурофиа ӯ таъкид намуд, ки мувофиқи қонунҳо ва Конститутсияи Тоҷикистон, ҳамчунин ҳамаи санадҳои мавҷуда, ӯ ҳеҷ гоҳ шаҳрванди Тоҷикистон набуда, ҳамеша шаҳрвандии Русияро доштааст.

Ёдрас мекунем, ки Каромат Шарипов 13 декабри соли гузашта аз Русия хориҷ шуд. Суди вилояти Маскав қарори суди зинаи аввалро дар бораи гунаҳкор будани ӯ дар ғайриқонунӣ гирифтани шаҳрвандии Русия бетағйир боқӣ гузошт.

Тамоми муддати пас аз хориҷ шудан аз Русия ӯ бидуни ҳуҷҷату бекор дар Тоҷикистон қарор дорад.

Соли 2007 бо ташаббуси Каромат Шарипов анҷумани якуми халқиятҳои Тоҷикистон дар Русия доир гардида, дар бораи таъсиси ҳаракати умумирусиягии ҷамъиятии «Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик» қарор қабул шуд. Шарипов бар асоси алтернативӣ якдилона раиси ин ҳаракат интихоб шуд.

Соли 2016 Суди олии Русия аризаи шикоятии маъмурии Вазорати адлияи Русияро дар бораи барҳам додани ҳаракати «Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик» барои қонуншикании ошкоршуда дар оиннома ва протоколи анҷуманҳо қонеъ намуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.