Таъсиси Ҷамъияти тоҷикони Малайзия дар Куала-Лумпур

Ҷамъияти тоҷикони Малайзия (Tajik society in Malaysia) бо ташаббуси як гурӯҳ шаҳрвандону донишҷӯёни машғули кору таҳсил дар ин кишвар дар ҳамдастӣ бо сафорати Тоҷикистон дар Малайзия таъсис дода шуд. Дар намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Куала-Лумпур охири ҳафтаи гузашта ба муносибати ҷашни Рӯзи ваҳдати миллӣ чорабинӣ доир гардид. Сафири Тоҷикистон дар Малайзия Музаффар Муҳаммадӣ ба «Азия-Плюс» […]

Ҷамъияти тоҷикони Малайзия (Tajik society in Malaysia) бо ташаббуси як гурӯҳ шаҳрвандону донишҷӯёни машғули кору таҳсил дар ин кишвар дар ҳамдастӣ бо сафорати Тоҷикистон дар Малайзия таъсис дода шуд.

Дар намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Куала-Лумпур охири ҳафтаи гузашта ба муносибати ҷашни Рӯзи ваҳдати миллӣ чорабинӣ доир гардид.

Сафири Тоҷикистон дар Малайзия Музаффар Муҳаммадӣ ба «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки таъсиси ин ҷамъият дар рӯзҳои ҷашни умумимиллӣ нишони ваҳдат ва муттаҳидии миллат натанҳо дар дохил, балки дар хориҷи кишвар низ мебошад.

Зикр гардид, ки Ҷамъияти тоҷикони Малайзия фаъолияти худро баҳри болоравии нуфуз ва обрӯи Тоҷикистону миллати тоҷик ва муттаҳидиву сарҷамъӣ, дастгирии ҳамдигарии шаҳрвандон дар кишвари ҳузур равона хоҳад кард.

Ба гуфтаи дипломати тоҷик, айни замон наздики 200 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар Малайзия кору зиндагӣ ва таҳсил мекунанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.