Ҷашни алмосии Оғохон 11-уми июл дар Португалия ба итмом мерасад

Таҷлили Ҷашни Алмосии Волоҳазрат Шоҳзода Оғохон дар 11-уми июли соли 2017 оғоз гардида, дар таърихи 11-уми июли соли 2018 ба поён хоҳад расид. Ин ҷашн ба хотири таҷлил аз 60-умин солгарди ба тахти Имомат нишастани Волоҳазрат ба унвони 49-умин имоми меросии (раҳбари руҳонӣ) мусалмонони шиаи исмоилӣ доир мегардад. Дар тули як сол Волоҳазрат даъвати раҳбарони […]

Иттилоияи расмии AKDN

Таҷлили Ҷашни Алмосии Волоҳазрат Шоҳзода Оғохон дар 11-уми июли соли 2017 оғоз гардида, дар таърихи 11-уми июли соли 2018 ба поён хоҳад расид.

Ин ҷашн ба хотири таҷлил аз 60-умин солгарди ба тахти Имомат нишастани Волоҳазрат ба унвони 49-умин имоми меросии (раҳбари руҳонӣ) мусалмонони шиаи исмоилӣ доир мегардад.

Дар тули як сол Волоҳазрат даъвати раҳбарони кишварҳои мухталифро, ки бо Имомат муносибатҳои дерина ва ҳасана доранд, пазируфт ва ба он кишварҳо сафари расмиӣ анҷом доданд. Дар ин ҳафта Раҳбари исмоилиёни ҷаҳон ба Португалия сафар менамояд, то дар маросимҳои  поёнии “Ҷашн Алмоси”-и хеш ҳузур дошта бошад.

Беш аз 40 000 мусалмонони исмоилӣ аз 5 то 12-уми июл дар Лиссабон гирдиҳам меоянд, то 60-умин солгарди Раҳбарии исмоилиёни ҷаҳон-Шоҳзода Оғохонро ҷашн бигиранд.

Як ҳафтаи ҷашнвора нуктаи кулминатсионии Ҷашни Алмосии Волоҳазрат Шоҳзода Оғохон хоҳад буд.

Ҷашнвораи байналмиллалии ҳунарӣ”- давраи ниҳоии ҷашнвораи миллии ҳунарҳои ҷашнӣ, ки дар саросари ҷаҳон баргузор гардиданд ва аз ҷумла “Намоиши истеъдодҳо”, “Ҷашнвораи байналмилалии синамо” ва “Намоишгоҳи байналмилалии рассомӣ” аз ҷумла чорабиниҳое ҳастанд, ки дар Лиссабон баргузор мегарданд.

Ду консерти ҷашнвораӣ бо ширкати ҳунармандони шинохта ба мисли Рохат Фотеҳ Алихон, Салим Сулаймон, Нобовар Чаноров, Хеб Холид ва Вишар Шехар аз дигар чорабиниҳои ин рузҳои ҷашнӣ мебошанд.

“Дурахши нур” ва “Ахлоқ дар амал” ду намоишгоҳе мебошанд, ки бо ҳадафи муаррифии бештари фаъолиятҳо ва дастовардҳои Волоҳазрат Шоҳзода Оғохон дар 60 соли охир доир хоҳанд гардид.

Соли ҷашнвораӣ бо Дидори Ҷашни Алмосӣ 11-уми июли соли равон ба поён хоҳад расид.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.