Диловар Гулов бо баёноти тарк накардани маҳалли зист озод шуд

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Диловар Гулов, писари собиқ вазири энергетикаи ҷумҳуи Гул Шералӣ, ки ба гумони даст доштан дар лату кӯби афсари Раёсати мубориза бо ҷинояткории муташаккили ВКД Тоҷикистон Дилшод Нарзуллозода санаи 9 июл боздошт шуда буд, рӯзи 11 июл таҳти баёноти тарк накардани маҳалли зист озод карда шуд.

«Диловар Гулови 26-сола баъди ду рӯзи боздошт дар робита ба лату кӯби Дилшод Нарзуллозода озод карда шуд, аз ӯ баёноти тарк накардани маҳалли зист гирифта шуд», – хабар дод ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз сохторҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ.

Бино ба иттилои манбаъ, нисбати Диловар Гулов то имрӯз парвандаи ҷиноӣ боз нашуда, аз рӯи далели муноқиша ва лату кӯби корманди милитсия прокуратураи ноҳияи Исмоили Сомонӣ тафтишот мебарад.

Дар ҳамин ҳол, қаблан зикр гардида буд, ки Дилшод Нарзуллозода, корманди Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилонаи ВКД ӯ бо ҷароҳатҳои сатҳи миёна ба Маркази миллии тиббӣ оварда шуда, айни замон дар ин ҷо муолиҷа мегирад.

«Бинии афсари милитсия шикаста, косахонаи сар ва манаҳаш ҷароҳат гирифтааст ва дар бораи рухсатӣ шудани ӯ аз бемористон алҳол сухан гуфтан барвақт аст», – гуфт ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Вазорати тандурустӣ.

Ёдрас мекунем, ки муноқиша байни афсари милитсия ва Диловар Гулов шоми рӯзи 8 июл дар яке аз хиёбонҳои марказии шаҳри Душанбе ба вуқӯъ пайваста буд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...