Рустами Эмомалӣ ба чораҷӯӣ нисбати корхонаҳои аз фаъолият бозмонда дастур дод

Дар сурати пешниҳод нагардидани нақшаҳои мукаммали ба кор даровардани иқтидори корҳонаҳои саноатии пойтахт аз ҷониби соҳибмулкон тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда шаванд. Чунин дастур дод ба сохторҳои дахлдор раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ зимни кори иҷлосияи навбатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, раиси шаҳр ҳамчунин супориш дод, ки […]

Asia-Plus

Дар сурати пешниҳод нагардидани нақшаҳои мукаммали ба кор даровардани иқтидори корҳонаҳои саноатии пойтахт аз ҷониби соҳибмулкон тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда шаванд. Чунин дастур дод ба сохторҳои дахлдор раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ зимни кори иҷлосияи навбатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, раиси шаҳр ҳамчунин супориш дод, ки доир ба истифодаи иқтидори пурраи корхонаҳо, ворид намудани технологияҳои наву муосири соҳаи саноат ва бо ин васила афзоиши истеҳсолот, таъсиси корхонаҳои нави саноатӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ чораҳои зарурӣ андешида шаванд.

Раиси пойтахт диққати ҳозиринро ба фаъолияти корхонаҳои дӯхти либосҳои ягонаи мактабӣ ва либосҳои махсус барои корхонаҳои соҳавӣ ҷалб намуда, дастур дод, ки сатҳи истеҳсолот дар корхонаҳои саноатии пойтахт афзун карда шавад.

Ҳамчунин ҷиҳати беҳтар намудани шароит барои фаъолияти соҳибкории хурду миёна, ривоҷи ҳунарҳои мардумӣ, ҷалби сармоя ва соҳибкорони дохилӣ бобати ташкили корхонаҳои хурду миёна, назорат дар соҳаи барқ, пешгирии талафоти барқ ва пайваст намудани биноҳою иншооти шаҳр ба шабакаҳои гармидиҳандаи пойтахт дастуру супоришҳо дода шуданд.

Қобили зикр аст, ки дар комплекси саноатии шаҳри Душанбе имрӯз беш аз 300 номгӯи маҳсулот истеҳсол мешавад. Дар ҳаҷми умумии маҳсулоти истеҳсолшудаи ниёзи мардум дар ҷумҳурӣ наздики 30% (бо шумули маҳсулоти хӯрокворӣ) ба корхонаҳои шаҳри Душанбе рост меояд.

Дар ҳаҷми умумии Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон аз рӯи натиҷаҳои 9 моҳи соли 2017 – 17,7%-ро ҳиссаи шаҳри Душанбе ташкил медиҳад. Суръати рушди иқтисод давоми моҳҳои январ-сентябри соли 2017 дар Душанбе ба 5,8% баробар шуда, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ тӯли 9 моҳи соли 2017 – 510 млн. сомониро ташкил дод, ки 22,3% – ба истеҳсоли маҳсулот, 73,2% – ба хизматгузориҳо ва 3,9% – андоз рост омад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.