Кормандони милитсияи пойтахт ронандазани мастро боздоштанд

Кормандони ШБДА РВКД Тоҷикистон аз 1 то 8 июл дар қаламрави шаҳри Душанбе аз рӯи далели бо истеъмоли машрубот сари чанбараки автомашина нишастан 6 ронандаи сархушро боздошт намуданд. Миёни боздоштшудагон Ситора Раҳимова – зане низ ҳузур дорад, ки дар ҳолати сархушӣ мошини тамғаи «Ласети»( рақами давлатӣ – 4729ТТ01)-ро идора мекард. Дар ин бора хадамоти матбуоти […]

Asia-Plus

Кормандони ШБДА РВКД Тоҷикистон аз 1 то 8 июл дар қаламрави шаҳри Душанбе аз рӯи далели бо истеъмоли машрубот сари чанбараки автомашина нишастан 6 ронандаи сархушро боздошт намуданд.

Миёни боздоштшудагон Ситора Раҳимова – зане низ ҳузур дорад, ки дар ҳолати сархушӣ мошини тамғаи «Ласети»( рақами давлатӣ – 4729ТТ01)-ро идора мекард. Дар ин бора хадамоти матбуоти Раёсати милитсияи пойтахт хабар медиҳад.

Дар Раёсати БДА зикр карданд, ки қаблан миёни ронадагони маст занон боздошт нашуда буданд. Ба ҷуз Раҳимов барои дар ҳолати мастӣ рондани автомашина шахсони зерин боздошт шудаанд: Беҳрӯз Саидов – ронандаи автомашинаи тамғаи Мерседес –Бенс, рақами қайди давлатиаш 7025СР01; Аъзам Раҳимов – ронандаи автомашинаи тамғаи Ваз-21015, рақами қайди давлатиаш 4510СТ01; Сафараҳмад Ахмедов – ронандаи автомашинаи тамғаи Мерседес –Бенс, рақами қайди давлатиаш 3893DO01; Сиёвуш Шарипов – ронандаи автомашинаи тамғаи Ренҷ-Рове, рақами қайди давлатиаш 5300СТ01 ва Фатҳулло Наимов – ронандаи автомашинаи тамғаи Опел-Астра, рақами қайди давлатиаш 3330ЕВ01.

Ёдрас мекунем, ки мувофиқи тағйиротҳои ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон воридшуда аз охири моҳи августи соли гузашта, барои идора намудани воситаҳои нақлиёт дар ҳолати мастӣ ҷазо вазнин карда шуда, муҳлати аз ҳуқуқи ронандагӣ маҳрум намудан аз ду то даҳ сол зиёд карда шуданд.

Барои ин кирдор ҷарима ба андозаи сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне понздаҳ ҳазор сомонӣ ё ҳабси маъмурӣ ба муҳлати понздаҳ шабонарӯз бо маҳрум намудан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба муҳлати панҷ сол таъйин карда мешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.