Акнун қариб фарқе намонд. Қурби расмии доллар ҳам боло ҷаҳид

Қурби расмии доллар нисбати сомонӣ тайи шабонарӯзи ахир қариб ба андозаи 2,7 фоиз боло рафт. Дар нуқтаҳои мубодилаи асъори бонкҳои тиҷоратии кишвар низ аз рӯзи сешанбе қурб дар ҳамин сатҳ қарор гирифтааст. Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) қурби расмии 1 доллари иМА-ро ба имрӯз, 12 июл дар сатҳи 9,4200 сомонӣ муқаррар намуд. Як рӯз пеш қурьби […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Қурби расмии доллар нисбати сомонӣ тайи шабонарӯзи ахир қариб ба андозаи 2,7 фоиз боло рафт. Дар нуқтаҳои мубодилаи асъори бонкҳои тиҷоратии кишвар низ аз рӯзи сешанбе қурб дар ҳамин сатҳ қарор гирифтааст.

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) қурби расмии 1 доллари иМА-ро ба имрӯз, 12 июл дар сатҳи 9,4200 сомонӣ муқаррар намуд. Як рӯз пеш қурьби 1 доллар ба 9,1752 сомонӣ баробар буд.

Қурби расмии доллар нисбати сомонӣ, ки аз ҷониби Бонки миллӣ муқаррар мешавад, баъди ҷаҳиши босуръати қурби асъори амрикоӣ дар бонкҳои тиҷоратӣ боло рафт.

Рӯзи чоршанбеи ҳамин ҳафта, як доллар дар нуқтаҳои мубодилаи бонкҳо ба 9,43 сомонӣ иваз мешуд ва ин ҳам дар ҳолест, ки як рӯз пеш барои он 9,18 сомонӣ талаб мекарданд.

Дар Бонки миллӣ яке аз сабабҳои ин ҳолатро БМТ боқӣ мондани бақияи манфии тавозуни савдои ҷумҳурӣ (фарқияти байни содирот ва воридот) номбар мекунанд, ки бақияи манфӣ дар 5 моҳи соли 2018 ба 825,6 млн. доллари ИМА баробар шудааст.

Тибқи маълумоти Бонки миллӣ, тӯли 6 моҳи соли равон қурби нақди сомонӣ нисбати доллар 4,5% поин рафта, қурби расмии арзи миллӣ нисбати доллари ИМА 3,8% коҳиш ёфтааст.

Дар Бонки миллӣ қайд мекунанд, ки бо дарназардошти гузариш ба низоми “ҳадафгирии таваррум”, сиёсати қурбии ба реҷаи “шинокунандаи танзимшаванда” асосёфтаро амалӣ карда истодаанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Барои навъҳои ҷудогонаи кондитсионерҳо меъёр се баробар ва барои қандилу чароғҳои деворӣ - ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.