Намояндаи САҲА ба озодии Мирсаидов даъват кард

Намояндаи Созмони амнияти ҳамкории Аврупо (САҲА) оид ба масоили озодии ВАО Арлем Дезир дар робита ба ҷазои сангин нисбати рӯзноманигор Хайрулло Мирсаидов нигаронӣ изҳор намуд. «Ман аз ҳукми сангин ва номутаносиб нисбати журналист, бахусус бо назардошти он маблағ – 124 ҳазор сомонӣ (наздики 11,521 евро), ки ба азхудкунии он ӯ айбдор мешавад, хеле дар ташвишам», […]

Баҳманёр Нодиров

Намояндаи Созмони амнияти ҳамкории Аврупо (САҲА) оид ба масоили озодии ВАО Арлем Дезир дар робита ба ҷазои сангин нисбати рӯзноманигор Хайрулло Мирсаидов нигаронӣ изҳор намуд.

«Ман аз ҳукми сангин ва номутаносиб нисбати журналист, бахусус бо назардошти он маблағ – 124 ҳазор сомонӣ (наздики 11,521 евро), ки ба азхудкунии он ӯ айбдор мешавад, хеле дар ташвишам», – оварда мешавад гуфтаҳои Дезир дар сомонаи расмии САҲА.

«Ҳукуматдоронро ба озодии фаврии Хайрулло Мирсаидов ва таъмини озодии журналистон дар Тоҷикистон, ҳуқуқи хабар додан ва навиштан аз рӯи ҳамаи масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷомеа бидуни ҳарос аз муҷозот даъват мекунам», – гуфтааст Дезир.

Намояндаи САҲА оид ба масоили озодии ВАО қаблан низ доир ба қазияи Мирсаидов нигаронӣ изҳор намуда буд. Дар нома ба унвони ҳукуматдорони Тоҷикистон моҳи марти соли 2018 ва изҳороти умум дар моҳи апрели соли 2018 ӯ зикр карда буд, ки боздошти журналист натиҷаи фаъолияти касбии ӯ мебошад.

Ёдрас мекунем, ки суди шаҳри Хуҷанд санаи 11 июл рӯзноманигор ва роҳбари дастаи «КВН Тоҷикистон» Хайрулло Мирсаидовро ба 12 соли зиндони низомаш шадид маҳкум намуд. Ҷониби ҳимояи Мирсаидов ҳукмро «ҷазои ниҳоят сангин» дониста, ният доранд, ки аз болои он ба зинаи болоӣ шикоят баранд. Дар ҳамин ҳол, адвокат Дилафрӯз Самадова қайд кард, ки суд гуноҳи Мирсаидовро дар ҳеҷ кадоме аз айбномаҳои пешниҳодшуда исбот накард.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

ФАО: “Хавфҳои иқлимӣ ба амнияти озуқавории Осиёи Марказӣ таҳдид мекунанд”

Таназзули замин маҳсулнокӣ коҳиш дода, талафи гуногунии биологӣ низомҳои экологиро, ки деҳқонону чорводорон ва аҳолии деҳот ба он вобастаанд, заъиф месозад.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.