Шумори боздиди сайёҳон аз Ӯзбекистон ду баробар афзуд

Тӯли 6 моҳи соли ҷорӣ шумори боздиди сайёҳон аз Ӯзбекистон қариб ду баробар – то 2 млн. 689 ҳазор нафар афзуд. Афзоиш дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта қариб ду баробар – 91,6% аст, хабар дода мешавад дар сомонаи Кумитаи давлатии рушди сайёҳии Ӯзбекистон. Гуфта мешавад, шумори сайёҳон ба таври қобили мулоҳиза аз кишварҳое, […]

Asia-Plus

Тӯли 6 моҳи соли ҷорӣ шумори боздиди сайёҳон аз Ӯзбекистон қариб ду баробар – то 2 млн. 689 ҳазор нафар афзуд.

Афзоиш дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта қариб ду баробар – 91,6% аст, хабар дода мешавад дар сомонаи Кумитаи давлатии рушди сайёҳии Ӯзбекистон.

Гуфта мешавад, шумори сайёҳон ба таври қобили мулоҳиза аз кишварҳое, ки бо онҳо реҷаи бераводид ҷорӣ шуд, зиёд шудааст. Аз ҷумла, аз Туркия (31966, +95,6%), Япония (6200, +68,1%), Исроил (3615, +86,2%), Индонезия (750, беш аз 3 баробар), Сингапур (424, беш аз 2,5 баробар).

Моҳи июн ҳамчунин афзоиши шумори шаҳрвандони ба кишвар воридшуда аз Ҷумҳурии Корея (57,5%) ва Малайзия ( 2,6 баробар) ба қайд гирифта шудааст.

Ёдрас мекунем, ки аз 10 феврали соли 2018 Ӯзбекистон барои шаҳрвандони 7 кишвар –  Исроил, Индонезия, Ҷумҳурии Корея, Малайзия, Сингапур, Туркия ва Японии (ҳамагӣ 16 давлат) ба муҳлати 30 рӯз реҷаи бераводид ҷорӣ намуд. Ҳамчунин аз 10 феврал дар Ӯзбекистон тартиби соддашудаи ба расмият даровардани раводидҳои сайёҳӣ барои 39 кишвар (ҳамагӣ 51 давлат) низ ҷорӣ шуда, аз 15 июл ҳамаи раводидҳои транзитӣ барои 101 кишвар бекор шуданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

ФАО: “Хавфҳои иқлимӣ ба амнияти озуқавории Осиёи Марказӣ таҳдид мекунанд”

Таназзули замин маҳсулнокӣ коҳиш дода, талафи гуногунии биологӣ низомҳои экологиро, ки деҳқонону чорводорон ва аҳолии деҳот ба он вобастаанд, заъиф месозад.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.