15 соли зиндон барои узвият дар сафҳои Давлати исломӣ

Суди шаҳри Хуҷанд сокини 37-солаи шаҳри Ваҳдат Суннатулло Муҳаммадиевро барои узвият дар сафҳои созмони террористии Давлати исломӣ ва иштирок дар даргириҳои мусаллаҳонаи Сурия ба 15 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард. Судя ва ҳамзамон раиси мурофиаи мазкур Шуҳрат Саидмухторзода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки судшаванда моҳи июли соли 2016 ҳамроҳи модар, ҳамсар […]

Мавлуда Рофиева, махсус барои Asia-Plus

Суди шаҳри Хуҷанд сокини 37-солаи шаҳри Ваҳдат Суннатулло Муҳаммадиевро барои узвият дар сафҳои созмони террористии Давлати исломӣ ва иштирок дар даргириҳои мусаллаҳонаи Сурия ба 15 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард.

Судя ва ҳамзамон раиси мурофиаи мазкур Шуҳрат Саидмухторзода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки судшаванда моҳи июли соли 2016 ҳамроҳи модар, ҳамсар ва се фарзанди ноболиғаш нахуст ба Алмаато, сипас баъди 6 моҳ ба Туркия рафта, аз он ҷо ба Сурия меравад ва дар амалиёти ҷангӣ ширкат меварзад.

«Ӯро мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ин кишвар дастгир карда, ба ихтиёри Тоҷикистон доданд», – иброз дошт судя.

Ёдрас мекунем, ки як моҳ пеш – 13 июни соли 2018 суди шаҳри Хуҷанд бародари ӯ – Масрурхон Муҳаммадиеви 36-сола, табибро низ барои узвият дар сафҳои Давлати исломӣ ба 12 соли зиндон маҳкум карда буд.

Зимни нишасти хабарии ҷамъбасти соли 2017 раиси суди вилояти Суғд Бахтиёр Оқилзода иттилоъ дода буд, ки соли гузашта судҳои вилоят нисбати 257 тан аз сокинони вилоят 165 парвандаи марбут ба амалҳои террористӣ ва ифротгароиро баррасӣ намудаанд, ки байни онҳо як нафар зан ва як нафар ноболиғ низ ҳузур доштанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

ФАО: “Хавфҳои иқлимӣ ба амнияти озуқавории Осиёи Марказӣ таҳдид мекунанд”

Таназзули замин маҳсулнокӣ коҳиш дода, талафи гуногунии биологӣ низомҳои экологиро, ки деҳқонону чорводорон ва аҳолии деҳот ба он вобастаанд, заъиф месозад.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.