Омодагирии Париж ба намоишгоҳи пуршукӯҳ бахшида ба Тоҷикистон

Нахустин намоишгоҳи фарҳангиву таърихӣ бахшида ба Тоҷикистон моҳи ноябри соли оянда дар маркази шаҳри Париж – осорхонаи миллии санъати шарқ Гиме доир мегардад. Дар ин бора зимни брифинг ба муносибати ҷашни миллӣ дар Фаронса – Рӯзи фатҳи Бастилия (14 июл) сафири Фаронса дар Тоҷикистон Ясмин Гуедар хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, намоишгоҳ аз якчанд самт – […]

Саодат Раҳимӣ, Asia-Plus

Нахустин намоишгоҳи фарҳангиву таърихӣ бахшида ба Тоҷикистон моҳи ноябри соли оянда дар маркази шаҳри Париж – осорхонаи миллии санъати шарқ Гиме доир мегардад.

Дар ин бора зимни брифинг ба муносибати ҷашни миллӣ дар Фаронса – Рӯзи фатҳи Бастилия (14 июл) сафири Фаронса дар Тоҷикистон Ясмин Гуедар хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, намоишгоҳ аз якчанд самт – намоишгоҳи бостоншиносӣ, намоишгоҳи аксҳо консерти мусиқии миллӣ ва назм, конфронс дар бораи забон иборат хоҳад буд.

Ба савол дар бораи чӣ гуна ба ҳайрат овардани тамошобини аврупоии аз ин чорабиниҳо сер хонум Гуедар посух дод, ки таъриху фарҳанг ва бостоншиносии Тоҷикистонро самимона муъҷизанок мешуморад ва хоҳони он аст, ки тамоми ҷаҳон аз ин воқиф бошад.

«Хеле ифтихор дорам, ки яке аз созмондиҳандагони ин ҷашни фаврҳангӣ ҳастам. Мо ба сокинону меҳмонони Париж дар бораи кишваре маълумот хоҳем дод, ки на он қадр онро хуб медонанд. Муддати се моҳ дар Париж доир ба Тоҷикистон ҳарф хоҳанд зад ва бо фарҳангу мусиқӣ, таъриху манзараҳои дилфиреби он шинос хоҳанд шуд», – қайд кард ӯ.

Ин ҷо боз як чизи ҷолиб он аст, ки осорхонаи Гиме бори нахуст макони баргузории намоишгоҳ аз кишвари шомили минтақаи Осиёи Марказӣ мешавад.

Ясмин Гуедар бар ин назар аст, ки ин чорабинӣ бояд ба рушди бахши сайёҳии Тоҷикистон таъсири мусбат расонида, такони ҷиддӣ бахшад.

«Ба гумонам, Тоҷикистон барои сайёҳон аз лиҳози таърихи қадима доштан ва истироҳати бофароғат ҷолиб хоҳад буд. Лекин барои омода будан ба қабули сайёҳони сершумор беҳбуди зербинои роҳу меҳмонхонаҳо, роҳандозии алоқаи мусоиди нақлиётӣ байни минтақаҳо ва баланд бардоштани сатҳи хизматгузорӣ зарур аст», – таъкид дошт сафир.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

ФАО: “Хавфҳои иқлимӣ ба амнияти озуқавории Осиёи Марказӣ таҳдид мекунанд”

Таназзули замин маҳсулнокӣ коҳиш дода, талафи гуногунии биологӣ низомҳои экологиро, ки деҳқонону чорводорон ва аҳолии деҳот ба он вобастаанд, заъиф месозад.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.