Болоравии сатхи таваррум дар Тоҷикистон бар асари қиматшавии гази моеъ

Моҳи гузашта сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон 0,5 фоизро ташкил дод. Ҳамин тариқ, нимаи аввали соли равон нарху тарифҳо дар ҷумҳурӣ ба андозаи 0,8 фоиз боло рафтанд. Дар шарҳи мухтасар Бонки миллии Тоҷикистон дар маълумоти худ қайд мекунад, ки моҳи июни соли ҷорӣ сатҳи таваррум ба 0,5 фоиз баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Моҳи гузашта сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон 0,5 фоизро ташкил дод. Ҳамин тариқ, нимаи аввали соли равон нарху тарифҳо дар ҷумҳурӣ ба андозаи 0,8 фоиз боло рафтанд.

Дар шарҳи мухтасар Бонки миллии Тоҷикистон дар маълумоти худ қайд мекунад, ки моҳи июни соли ҷорӣ сатҳи таваррум ба 0,5 фоиз баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин моҳи соли гузашта ба андозаи 0,1 банди фоизӣ кам мебошад.

Таъкид мешавад, ки ба сатҳи таваррум дар ин моҳ асосан афзоиши нархи молҳои ғайрихӯрокворӣ – 1,7 фоиз ва арзиши хизматрасониҳои пулӣ ба аҳолӣ 2,1 фоиз таъсир расонида, ҳамзамон, коҳишёбии нархи маҳсулоти хӯрокворӣ ба андозаи 0,5 фоиз ба қайд гирифта шуд.

Гуфта мешавад, дар сохтори молҳои ғайрихӯрокворӣ дар моҳи баррасишаванда бештар афзоиши нархи гази моеъ ба андозаи 33,0 фоиз ба қайд гирифта шуд, ки ба ин коҳишёбии воридот ва дар ин замина боло рафтани нархи он дар кишвар сабаб гардид.

«Тибқи маълумоти омори гумрукӣ, танҳо дар моҳи июни соли ҷорӣ ба Тоҷикистон 27,8 ҳазор тонна гази моеъ ворид гардидааст, ки ин нишондод нисбат ба моҳи гузашта (моҳи майи соли равон) ба андозаи 22,1 фоиз (7,9 ҳазор тонна) кам мебошад», – омадааст дар маълумоти Бонки миллӣ.

Сатҳи нисбатан начандон баланди таврррум дар Тоҷикистон нимсолаи аввали соли равон ба он марбут аст, ки моҳҳои январ ва феврали соли равон дар бозори истеъмолии Тоҷикистон коҳиши нарху тарифҳо ба қайд гирифта шуд.

Ҷараёни думоҳаи коҳиши нарху тарифҳои хизматгузорӣ моҳи апрел ба итмом расида, ин моҳ мизони таваррум ба 0,5% баробар шуд. Моҳи майи ҳамин сол сатҳи таваррум 0,6 фоизро ташкил дод.

Ёдрас мекунем, ки аз рӯи натиҷаҳои соли 2017 сатҳи таваррум дар Тоҷикистон 6,7 фоизро ташкил дод. Соли равон нигоҳдории мизони таваррум дар сатҳи 7 фоиз ба нақша гирифта шудааст.

Давоми солҳои охир сатҳи нисбатан баланди таваррум соли 2011 ба қайд гирифта шуд, ки нарху тарифҳо ба андозаи 12,5% боло рафта буданд. Сатҳи нисбатан пастттари таваррум тӯли солҳои истиқлолият соли 2013 – 5,1 фоиз сабт шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

ФАО: “Хавфҳои иқлимӣ ба амнияти озуқавории Осиёи Марказӣ таҳдид мекунанд”

Таназзули замин маҳсулнокӣ коҳиш дода, талафи гуногунии биологӣ низомҳои экологиро, ки деҳқонону чорводорон ва аҳолии деҳот ба он вобастаанд, заъиф месозад.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.