Оғози ҳисоботи мансабдорон ба журналистон аз ҳафтаи оянда

Нишастҳои матбуотии вазорату идораҳои Тоҷикистон аз аввали ҳафтаи оянда, 16 июл оғоз гардида, то 3 август идома меёбанд. Роҳбарони вазорату идораҳои кишвар ба намояндагони васоити ахбори умум дар бораи натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи аввали соли 2018 маълумот медиҳанд. Нахуст нишастҳои хабарии Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон баргузор мешавад. Тавре […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Нишастҳои матбуотии вазорату идораҳои Тоҷикистон аз аввали ҳафтаи оянда, 16 июл оғоз гардида, то 3 август идома меёбанд.

Роҳбарони вазорату идораҳои кишвар ба намояндагони васоити ахбори умум дар бораи натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи аввали соли 2018 маълумот медиҳанд.

Нахуст нишастҳои хабарии Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон баргузор мешавад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ дар ин робита хабар дод, ҷадвали пурраи баргузор намудани нишастҳои матбуотӣ субҳи рӯзи ҷумъа ба намояндагони ВАО пешниҳод хоҳад шуд.

Қобили зикр аст, ки тибқи супориши сарвари давлат аз 4-уми марти соли 2005, бо мақсади таъмини шаффофияти фаъолияти вазорату идораҳо ва ҳамчунин дастрасии матбуот ба сарчашмаҳои расмии маълумот нишастҳои хабарӣ дар ҳар семоҳа гузаронида мешуданд.

Аммо ба супориши мазкур тағйирот ворид гардида, шурӯъ аз 1-уми октябри соли 2011 нишастҳои хабарии ҳатмии мақомоти давлатӣ дар ним сол як маротиба доир мегарданд. Дар супориши мазкур зикр гардидааст, ки дар сурати зарурат роҳбарони вазорату идораҳо метавонанд дар як моҳ якчанд маротиба нишасти хабарӣ баргузор созанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

ФАО: “Хавфҳои иқлимӣ ба амнияти озуқавории Осиёи Марказӣ таҳдид мекунанд”

Таназзули замин маҳсулнокӣ коҳиш дода, талафи гуногунии биологӣ низомҳои экологиро, ки деҳқонону чорводорон ва аҳолии деҳот ба он вобастаанд, заъиф месозад.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.