Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, вазъи обуҳаво

АНОНС – Дар дафтари кории Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе маросими муаррифии гузориш оид ба рушди иқтисодии Тоҷикистон «Ҷумҳурии Тоҷикистон – муҳити тағйирёбандаи минтақавӣ: манфиат ба даст овардан муҳим аст» баргузор мешавад. Оғоз соати 11:00; – Дар меҳмонхонаи «Serena Dushanbe» тамошои филми ғолиби фестивали «Снять за 49 часов» (Дар 48 соат наворбардорӣ кардан) доир мегардад. Оғоз […]

Asia-Plus

АНОНС

– Дар дафтари кории Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе маросими муаррифии гузориш оид ба рушди иқтисодии Тоҷикистон «Ҷумҳурии Тоҷикистон – муҳити тағйирёбандаи минтақавӣ: манфиат ба даст овардан муҳим аст» баргузор мешавад. Оғоз соати 11:00;

– Дар меҳмонхонаи «Serena Dushanbe» тамошои филми ғолиби фестивали «Снять за 49 часов» (Дар 48 соат наворбардорӣ кардан) доир мегардад. Оғоз соати 19:30.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  9.4200 сомонӣ;

1 евро – 11.0016 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1514 сомонӣ. 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1930 – Дар Монтевидео маросими ифтитоҳи мусобиқоти аввалини Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол баргузор шуд.

1962 – Сохта шудани нахустин трактори чархадори К-700 «Кировец».

1993 — Гурӯҳи сершумори ҷангиёни мухолифини тоҷик, ки дар Афғонистон қарор доштанд, ба бошишгоҳи дастаи 12-уми Гурӯҳи марзбонии Маскав (феълан дастаи ба номи 25 қаҳрамони дастаи сарҳадбонии Шӯрообод) ҳамла карданд.

1925 – Зодрӯзи овозхон, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Фотима Куинова.

1931 – Мавлуди нависанда Басир Расо.

1941 – Зодрӯзи коргардони кино Бақо Содиқов.

1960 – Мавлуди сароянда Раҳматулло Ҳошимов.

1972 – Зодрӯзи оҳангсоз Равшан Баротов.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +20+25, рӯзона +37+42; дар доманакӯҳҳо шабона +8+13, рӯзона +23+28.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +22+27, рӯзона +37+42; дар доманакӯҳҳо шабона +17+22, рӯзона +32+36.

Дар ВМКБ — Обуҳавои тағйирёбанда, дар шарқи вилоят борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: дар ғарб шабона +12+17, рӯзона +28+33; дар шарқ шабона +4+9, рӯзона +15+20.

Дар НТМ  — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.   

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +18+23, рӯзона +35+40; дар доманакӯҳҳо шабона +13+18, рӯзона +27+32.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +18+20, рӯзона +37+39.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +23+25, рӯзона +38+40.

Дар шаҳри Бохтар — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +22+24, рӯзона +37+39.    

Дар шаҳри Хоруғ— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона +14+16, рӯзона +29+31.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Бахши озуқа ва кишоварзии СММ: “Ба амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”

Дар ҳмоиши ин ниҳоди байналмилалӣ, ки дар Душанбе идома дорад, боз чӣ гуфтанд?

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.