Намояндагиҳои дипломатӣ ба бозбинии ҳукми Мирсаидов даъват карданд

Сафоратҳои Британияи Кабир, Олмон, Фаронса, ИМА ва Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон нисбати ҳумки содиршуда ба рӯзноманигори мустақил Хайрулло Мирсаидов  нигаронии қавӣ изҳор намуданд. «Чӣ тавре маълумамон гардид, ҷаноби Мирсаидов ба 12 соли зиндон маҳкум шудааст. Мо фикр менамоем, ки ин хеле ҷазои вазнин мебошад ва ба ҷинояте, ки ӯ айбдор шудааст, мувофиқат намекунад», – […]

Asia-Plus

Сафоратҳои Британияи Кабир, Олмон, Фаронса, ИМА ва Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон нисбати ҳумки содиршуда ба рӯзноманигори мустақил Хайрулло Мирсаидов  нигаронии қавӣ изҳор намуданд.

«Чӣ тавре маълумамон гардид, ҷаноби Мирсаидов ба 12 соли зиндон маҳкум шудааст. Мо фикр менамоем, ки ин хеле ҷазои вазнин мебошад ва ба ҷинояте, ки ӯ айбдор шудааст, мувофиқат намекунад», – омадааст дар изҳороти ин намояндагиҳои дипломатӣ.

Дар изҳорот қайд мешавад, ки ин ҳукм ба озодии cухан ва баён дар Тоҷикистон таъсири манфӣ мерасонад ва даъват мешавад, ки мақомотҳои дахлдори Тоҷикистон ин ҳукмро аз нав дида бароянд.

«Аз он нигаронем, ки натиҷаи ин мурофиаи судӣ кӯшишҳои моро дар соҳаи беҳтар намудани идораи хуби давлатӣ зери хатар монда, ба ин тариқ, ба ҳамкориҳои мо асари соя бизанад», – зикр мешавад дар изҳорот.

Гуфта мешавад, ин мурофиа аллакай ҷомеаи ҷаҳониро нигарон намуддаст. «Мо фикр менамоем, ки эҳтироми пурраи волоияти қонун, аз ҷумла, мурофиаи одилонаи судӣ ба манфиати худи Тоҷикистон мебошад ва барои кафолат додани дастгирии мамлакатҳои шарик дар ноил гаштан ба ҳадафҳои сиёсӣ ва нақшаҳои рушди худ муҳим аст», – таъкид мешавад дар хотимаи изҳорот.

Ёдрас мекунем, ки суди шаҳри Хуҷанд санаи 11 июли соли равон рӯзноманигор ва роҳбари дастаи «КВН Тоҷикистон» Хайрулло Мирсаидовро ба 12 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард. Ӯ аз рӯи ҳамаи айбномаҳои пешниҳодшуда – азхудкунӣ ё камомади воситаҳои давлатӣ, сохтакории ҳуҷҷатҳо ва дидаву дониста маълумоти бардурӯғ додан гунаҳкор эътироф гардид.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.