Роҳбари Хадамоти иҷрои назди ҳукумати Тоҷикистон нав шуд

Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон Илёс Идрисзода сардори Хадамоти иҷрои назди ҳукумати Тоҷикистон таъин карда шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, бо фармони Президенти мамлакат, ҳамзамон Илёс Идрисзода аз вазифаи муовини директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон озод карда шуд. Бо фармони дигари сарвари давлат, Назар Аслам Тура бо сабаби […]

Asia-Plus

Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон Илёс Идрисзода сардори Хадамоти иҷрои назди ҳукумати Тоҷикистон таъин карда шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, бо фармони Президенти мамлакат, ҳамзамон Илёс Идрисзода аз вазифаи муовини директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон озод карда шуд.

Бо фармони дигари сарвари давлат, Назар Аслам Тура бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи муовини Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон оид ба ақибгоҳ озод карда шуд. Ба кадом вазифа  таъин шудани генерали Қушӯнҳои сарҳадӣ зикр намегардад.

Қобили зикр аст, ки Хадамоти иҷрои назди ҳукумати Тоҷикистон бо фармони Президенти ҶТ аз 5 апрели соли равон таъсис дода шуд. Таъмини фаъолияти ҳамаи шумори ҳайати шахсӣ (штатӣ)-и иҷрочиёни суди Вазорати адлия (24 воҳид), судҳои шаҳрӣ ва ноҳиявӣ, судҳои иқтисодии ВМКБ, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбӣ (253 воҳид) ба дӯши ин ниҳод вогузор шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.