Идомаи гармии тоқатфарсо дар Тоҷикистон: +43 то 15 июл

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди ҳукумати бо истинод ба маълумотҳои Агентии обуҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки то 15 июли соли 2018 (ғайр аз ВМКБ), дар қисми бештари кишвар ҳавои хушку гарм боқӣ монда, ҳарорати ҳаво 43 дараҷа гарм боқӣ мемонад. Дар маълумоти дар сомонаи расмии Кумита дар ин робита нашршуда зикр мегардад, ки […]

Asia-Plus

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди ҳукумати бо истинод ба маълумотҳои Агентии обуҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки то 15 июли соли 2018 (ғайр аз ВМКБ), дар қисми бештари кишвар ҳавои хушку гарм боқӣ монда, ҳарорати ҳаво 43 дараҷа гарм боқӣ мемонад.

Дар маълумоти дар сомонаи расмии Кумита дар ин робита нашршуда зикр мегардад, ки дар натиҷаи баландшавии ҳарорати ҳаво ва боқӣ мондани он дар доманакӯҳҳо ва баландкӯҳҳо обшавии барфҳо ва пиряхҳо ба амал омада, хавфи омадани сел, фаромадани ярч ва сангрезиш ҳамоно баланд мемонад. Инчунин, баландшавии сатҳи оби дарёҳо низ боқӣ мемонад.

Гуфта мешавад, дар ҷануб, ҷанубу ғарби кишвар эҳтимолияти зуҳуроти хатарноки агрометеорологӣ – “хушкшавии маҳсулоти хоҷагии қишлоқ” дар назар аст.

Дар ҳамин иртибот КҲФ аз шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар хоҳиш мекунад, ки  хеле эҳтиёткор бошанд, бахусус ҳангоми истифода аз роҳҳои кӯҳӣ гузаштан ва ҳузур дар соҳили дарёҳову кӯлҳо ботаваҷҷӯҳ бошанд. Диққати махсус ба маҳсулоти хоҷагии қишлоқ бояд дод!

Ҳамчунин Кумита аз шаҳрвандон ва меҳмонони мамлакат хоҳиш мекунад барои таъмини бехатарии худ ва атрофиён саъю кӯшиш намоянд!

Зимнан зикр мегардад, ки дар ҳолати  фавқулодда ё ниёз ба кумак, фавран бо телефони  223-13-11 ва ё 112 ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда муроҷиат намоед.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.