Тавсияи тамошои осорхонаву маконҳои таърихӣ ба ходимони дин

Аваз Юлдошев

Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумати Тоҷикистон ба ходимони дини ҷумҳурӣ боздид аз осорхонаву театр ва макони таърихии гуногуни ҷумҳуриро тавсия дод.

Дар нақшаи чорабиниҳои имсолаи Кумита ташкили тамошоҳои дастаҷамъона аз ин ҷойҳо бо банди алоҳида зикр шудааст.

Тавре ба «Азия-Плюс» сухангӯи Кумита Афшин Муқим дар ин робита хабар дод, боздид аз осорхонаву театр ва дигар иншооти таърихиву фарҳангии кишвар барои ходимони дин ихтиёрӣ аст.

«Дар баробари дигар шаҳрвандони кишвар, ходимони дин низ ба донистани таъриху фарҳанг ва расму оини мардуми худ уҳдадоранд», – таъкид дошт номбурда.

Тавсияи Кумита натанҳо ба имомхатибони масҷидҳои мусулмонӣ, балки ба намояндагони дигар мазҳабҳои амалкунанда дар Тоҷикистон низ дахл хоҳад дошт.

Ба гуфтаи сухангӯи Кумита, ин ҳафта 116 нафар ходимони дин аз водии Ҳисор аз Осорхонаи миллӣ дар шаҳри Душанбе боздид намуда, қаблан имомхатибони шаҳрҳои Душанбеву Ваҳдат ва ноҳияи Варзоб ба тамошои осорхона омада буданд.

Дар Тоҷикистон 4 ҳазор нафар имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ ба қайд гирифта шудаанд.

Зимнан зикр гардид, ки қаблан як гурӯҳи имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ аз ноҳияҳои гуногуни кишвар дар Театри давлатии драмавии ба номи Лоҳутӣ аз рӯи пйесаи нависанда ва драматурги тоҷик Мансур Суруш асари саҳнавии «Обу оташ»-ро тамошо карданд.

Қобили зикр аст, ки пештар ба кормандони милитсияи Тоҷикистон низ боздид аз театр тавсия шуда буд: он замон вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ба кормандони ниҳоди зертобеъаш тавсия дода буд, ки барои рушду камолоти маънавӣ ва фарҳангиашон ҳадди ақал як маротиба дар як моҳ ба театр раванд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.