Тавсияи тамошои осорхонаву маконҳои таърихӣ ба ходимони дин

Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумати Тоҷикистон ба ходимони дини ҷумҳурӣ боздид аз осорхонаву театр ва макони таърихии гуногуни ҷумҳуриро тавсия дод. Дар нақшаи чорабиниҳои имсолаи Кумита ташкили тамошоҳои дастаҷамъона аз ин ҷойҳо бо банди алоҳида зикр шудааст. Тавре ба «Азия-Плюс» сухангӯи Кумита Афшин Муқим дар ин робита […]

Аваз Юлдошев

Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумати Тоҷикистон ба ходимони дини ҷумҳурӣ боздид аз осорхонаву театр ва макони таърихии гуногуни ҷумҳуриро тавсия дод.

Дар нақшаи чорабиниҳои имсолаи Кумита ташкили тамошоҳои дастаҷамъона аз ин ҷойҳо бо банди алоҳида зикр шудааст.

Тавре ба «Азия-Плюс» сухангӯи Кумита Афшин Муқим дар ин робита хабар дод, боздид аз осорхонаву театр ва дигар иншооти таърихиву фарҳангии кишвар барои ходимони дин ихтиёрӣ аст.

«Дар баробари дигар шаҳрвандони кишвар, ходимони дин низ ба донистани таъриху фарҳанг ва расму оини мардуми худ уҳдадоранд», – таъкид дошт номбурда.

Тавсияи Кумита натанҳо ба имомхатибони масҷидҳои мусулмонӣ, балки ба намояндагони дигар мазҳабҳои амалкунанда дар Тоҷикистон низ дахл хоҳад дошт.

Ба гуфтаи сухангӯи Кумита, ин ҳафта 116 нафар ходимони дин аз водии Ҳисор аз Осорхонаи миллӣ дар шаҳри Душанбе боздид намуда, қаблан имомхатибони шаҳрҳои Душанбеву Ваҳдат ва ноҳияи Варзоб ба тамошои осорхона омада буданд.

Дар Тоҷикистон 4 ҳазор нафар имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ ба қайд гирифта шудаанд.

Зимнан зикр гардид, ки қаблан як гурӯҳи имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ аз ноҳияҳои гуногуни кишвар дар Театри давлатии драмавии ба номи Лоҳутӣ аз рӯи пйесаи нависанда ва драматурги тоҷик Мансур Суруш асари саҳнавии «Обу оташ»-ро тамошо карданд.

Қобили зикр аст, ки пештар ба кормандони милитсияи Тоҷикистон низ боздид аз театр тавсия шуда буд: он замон вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ба кормандони ниҳоди зертобеъаш тавсия дода буд, ки барои рушду камолоти маънавӣ ва фарҳангиашон ҳадди ақал як маротиба дар як моҳ ба театр раванд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.