Шутур-фолбин Маря ба фаронсавиҳо бовар дорад

Дар бозии финалии Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол байни дастаҳои Фаронса ва Хорватия пирӯзӣ насиби фаронсавиҳо мешавад, пешгӯӣ мекунад шутур-фолбин аз Боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе. Қобили зикр аст, ки дар пешгӯиҳои натиҷаҳои бозиҳои Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол дар Русия шутур Маря алҳол ба хатогӣ роҳ надодааст. Пешгӯиҳои ӯ дар мавриди натиҷаҳои бозиҳои Русия – […]

Asia-Plus

Дар бозии финалии Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол байни дастаҳои Фаронса ва Хорватия пирӯзӣ насиби фаронсавиҳо мешавад, пешгӯӣ мекунад шутур-фолбин аз Боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе.

Қобили зикр аст, ки дар пешгӯиҳои натиҷаҳои бозиҳои Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол дар Русия шутур Маря алҳол ба хатогӣ роҳ надодааст.

Пешгӯиҳои ӯ дар мавриди натиҷаҳои бозиҳои Русия – Арабистони СаудӣУругвай – Франсия ва Хорватия – Англия дуруст баромаданд.

Дар вохӯрии финалии Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол, ки шоми рӯзи 15 июл дар Маскав байни дастаҳои Фаронса ва Хорватия доир мегардад, Маря ғалабаи фаронсавиҳоро пешгӯӣ кард.

Ҳангоми пешгӯӣ ба Маря зарфҳои хӯрок бо навиштаҷоти номи дастаҳо пешниҳод шуда, ӯ истеъмоли хӯроки яке аз ин зарфҳоро интихоб мекунад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.