Парчами Тоҷикистон дар қуллаи Карл Маркс парафшон шуд

Дастаи кӯҳнавардони тоҷик қуллаи Карл Марксро дар Помир фатҳ намуданд, ки баландиаш 6723 метрро ташкил медиҳад. Дар ин бора созмондиҳандаи экспедитсия, директори ширкати саёҳати Mountain Adventure Travel Tajikistan  Дилшод Каримов хабар дод. Даста 1 июл аз Душанбе ба қаторкӯҳи Шоҳдараи Помир раҳсипор шуда, дар баландии 5600 метр барои таваққуф лагер бунёд намуд ва 3 июл […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дастаи кӯҳнавардони тоҷик қуллаи Карл Марксро дар Помир фатҳ намуданд, ки баландиаш 6723 метрро ташкил медиҳад. Дар ин бора созмондиҳандаи экспедитсия, директори ширкати саёҳати Mountain Adventure Travel Tajikistan  Дилшод Каримов хабар дод.

Даста 1 июл аз Душанбе ба қаторкӯҳи Шоҳдараи Помир раҳсипор шуда, дар баландии 5600 метр барои таваққуф лагер бунёд намуд ва 3 июл ба фатҳи қулла оғоз кард.

Панҷ нафар аз кӯҳнавардони тоҷик – Рашид Тахамуродов, Дониёр Каримов, Далер Зувайдов, Влад Янкин ва Шаъбон Яфталиев ба фатҳи қуллаи Карл Маркс муваффақ гардида, санаи 10 июл парчами Тоҷикистонро дар он парафшон карданд.

 

Пас аз фатҳи қулла онҳо тариқи алоқаи моҳвораӣ дар бораи анҷоми муваффақонаи қисмати аввали экпедитсия ба Дилшод Каримов хабар медиҳанд.

«Ин экспедитсия ба Соли рушди сайёҳӣ бахшида шудааст, – гуфт Дилшод Каримов. – Қобили зикр аст, ки ҳамаи кӯҳнавардони мо шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд. Пеш аз ташкили экспедитсия мо хатсайрро бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулода мувофиқа карда, дар ҳайати дастаи мо намояндаи ин Кумита – Шаъбон Яфталиев ҳам ҳузур дорад. Кӯҳнаварди соҳибтаҷрибаи даста Рашид Тахамуродов мебошад, ки 55-сола аст. Дигар аъзои даста ҷавонон ва роҳбаладони ширкати сайёҳии Mountain Adventure Travel Tajikistan мебошанд».

Қуллаи Карл Маркс нуқтаи баландтарини қаторкӯҳи Шоҳдара мебошад, ки дар қисмати ҷанубу ғарбии Помир воқеъ аст. Тибқи маълумоти кӯҳнавардон, қуллаи Карл Маркс яке аз қуллаҳоест, ки баромадан ба он хеле душвор аст: нишебии миёна дар он наздики 70°-ро ташкил медиҳад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.