Панҷ медали математикҳои навраси тоҷик дар олимпиадаи пурнуфуз

Дар Олимпиадаи байнулмилалӣ аз фанни математика (IMO) дар Руминия толибилмони тоҷик ба дарёфти 5 медали биринҷӣ шарафёб гардиданд. Ба медалҳо Шоҳрух Маҳмадҷон, Меҳрон Бобохонов, Абӯбакр Усмонов, Наимҷон Хонҷонов – толибилмони Литсей-интернати Тоҷикистону Русия ба номи «Ҳотам ва П.В.» ва Муҳаммад Кличев, хонандаи Литсей барои кӯдакони лаёқатманд (собиқ Литсейи Тоҷикистону Туркия ба номи Хоҷа Камол) соҳиб […]

Asia-Plus

Дар Олимпиадаи байнулмилалӣ аз фанни математика (IMO) дар Руминия толибилмони тоҷик ба дарёфти 5 медали биринҷӣ шарафёб гардиданд.

Ба медалҳо Шоҳрух Маҳмадҷон, Меҳрон Бобохонов, Абӯбакр Усмонов, Наимҷон Хонҷонов – толибилмони Литсей-интернати Тоҷикистону Русия ба номи «Ҳотам ва П.В.» ва Муҳаммад Кличев, хонандаи Литсей барои кӯдакони лаёқатманд (собиқ Литсейи Тоҷикистону Туркия ба номи Хоҷа Камол) соҳиб шуданд.

Хонандаи Литсейи «Ҳотам ва П.В.) Суннатулло Раҳматов бо ифтихорнома сарфароз гардонида шуд. Ба ӯ барои гирифтани медали шашуми биринҷӣ барои Тоҷикистон ҳамагӣ 2 имтиёз камӣ кард.

Олимпиадаи байнулмилалӣ аз фанни математика (IMO) шурӯъ аз соли 1959 гузаронида шуда, дар олимпиадаи имсола 594 нафар толибилмони синни аз 14 то 19-сола аз 107 кишвари саросари дунё ширкат варзиданд.

Бо касби 103 имтиёз Тоҷикистон дар ҳисоби даставӣ зинаи 43-умро ишғол намуда, аз кишварҳое чун Дания, Финландия, Белгия, Малайзия, Португалия, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Покистон, Беларус, Испания, Норвегия, Австрия, Арабистони Саудӣ, Исландия, Озарбойҷон, Швейтсария, Кипр, Уругвай, Колумбия, Нигерия, Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ ва дигар кишварҳо пешсаф аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.