Сокини 29-солаи шаҳри Бӯстон ҳамсарашро кушта, худро ба дор овехт

Сокини 29-солаи шаҳри Бӯстон (собиқ Чкаловск) қаблан бар асари рашк бо ҳамсараш муноқишаву ҷанҷол намуда, лекин тасмим гирифт, ки оштӣ мешавад. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, бо ин мақсад ӯ занашро ба хонаи хоҳараш даъват мекунад, вале боз аз ҳиссиёти рашк бо ноқили тайёркардааш аввал ҳамсарашро бӯғӣ карда мекушад ва баъдан худро низ […]

Asia-Plus

Сокини 29-солаи шаҳри Бӯстон (собиқ Чкаловск) қаблан бар асари рашк бо ҳамсараш муноқишаву ҷанҷол намуда, лекин тасмим гирифт, ки оштӣ мешавад.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, бо ин мақсад ӯ занашро ба хонаи хоҳараш даъват мекунад, вале боз аз ҳиссиёти рашк бо ноқили тайёркардааш аввал ҳамсарашро бӯғӣ карда мекушад ва баъдан худро низ бо роҳи доркашӣ ба ҳалокат мерасонад.

Зимнан зикр мегардад, ки оид ба ин ҳодиса мутобиқи моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Қобили зикр аст, ки ҳодисаҳои куштор бар асари муноқишаҳои оилавӣ дар Тоҷикистон кам нестанд. Чанде пеш дар ноҳияи Фархор як ҷавонзан дар натиҷаи ҷанҷоли оилавӣ ҳамсари пиронсолашро то марг лату кӯб намуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.