Чин дар вилояти Хатлон се мактаб месозад

Аваз Юлдjашев, Asia-Plus

Корпоратсияи электроэнергетикии сохтмонии Power China-и Чин ояндаи наздик ба сифати грант дар вилояти Хатлон се мактаби таҳсилоти умумӣ бунёд  ва онҳоро ба таҷҳизоти зарурӣ таъмин мекнуд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон.

Мувофиқи созишномаи баимзорасида байни Корпоратсияи «Power China»-и Чин ва Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон оид ба сохтмони 3 муассисаи таълимӣ дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон, як муассисаи таълимӣ барои 640 ҷои нишаст дар ноҳияи Данғара, ва ду муассисаи таълимӣ барои 320 нафарӣ дар шаҳрҳои Бохтару Леваканд сохта мешаванд.

Корпоратсияи Power China, ки дар ин лоиҳа иштирок мекунад, айни замон ба таъмиру навсозии нерӯгоҳи барқи обии Сарбанд машғул аст, ки аз ҷониби Бонки осиёгии рушд маблағгузорӣ мешавад.

Гуфта мешавад, то имрӯз аз тарафи ширкатҳои Чинӣ 7 мактаб сохта ба истифода дода шудааст, ки ҳар як мактаб бо таҷҳизот таъмин  шудаанд. Ин  мактабҳо барои  640 нафар  ҷойи нишаст омода ва ба истифода дода шудаанд, ки дар маҷмӯъ 12000 ҷойи нишастро ташкил медиҳанд.

Қобили зикр аст, ки айни замон дар 112 мактаби олии Чин наздики 3 ҳазор донишҷӯёни тоҷик таҳсили илм мекунанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...