Чин дар вилояти Хатлон се мактаб месозад

Корпоратсияи электроэнергетикии сохтмонии Power China-и Чин ояндаи наздик ба сифати грант дар вилояти Хатлон се мактаби таҳсилоти умумӣ бунёд  ва онҳоро ба таҷҳизоти зарурӣ таъмин мекнуд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон. Мувофиқи созишномаи баимзорасида байни Корпоратсияи «Power China»-и Чин ва Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон оид ба сохтмони 3 муассисаи таълимӣ […]

Аваз Юлдjашев, Asia-Plus

Корпоратсияи электроэнергетикии сохтмонии Power China-и Чин ояндаи наздик ба сифати грант дар вилояти Хатлон се мактаби таҳсилоти умумӣ бунёд  ва онҳоро ба таҷҳизоти зарурӣ таъмин мекнуд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон.

Мувофиқи созишномаи баимзорасида байни Корпоратсияи «Power China»-и Чин ва Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон оид ба сохтмони 3 муассисаи таълимӣ дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон, як муассисаи таълимӣ барои 640 ҷои нишаст дар ноҳияи Данғара, ва ду муассисаи таълимӣ барои 320 нафарӣ дар шаҳрҳои Бохтару Леваканд сохта мешаванд.

Корпоратсияи Power China, ки дар ин лоиҳа иштирок мекунад, айни замон ба таъмиру навсозии нерӯгоҳи барқи обии Сарбанд машғул аст, ки аз ҷониби Бонки осиёгии рушд маблағгузорӣ мешавад.

Гуфта мешавад, то имрӯз аз тарафи ширкатҳои Чинӣ 7 мактаб сохта ба истифода дода шудааст, ки ҳар як мактаб бо таҷҳизот таъмин  шудаанд. Ин  мактабҳо барои  640 нафар  ҷойи нишаст омода ва ба истифода дода шудаанд, ки дар маҷмӯъ 12000 ҷойи нишастро ташкил медиҳанд.

Қобили зикр аст, ки айни замон дар 112 мактаби олии Чин наздики 3 ҳазор донишҷӯёни тоҷик таҳсили илм мекунанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.