Наҷотдиҳандагони КҲФ худкушии сокини 19-солаи Панҷакентро пешгирӣ карданд

Наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар вилояти Суғд шоми рӯзи 15 июл сокини 19-солаи шаҳри Панҷакентро аз ғарқшавӣ дар Сирдарё наҷот доданд. Ҷавон худро аз болои пули Исмоили Сомонӣ ба дарё партофтааст. Тавре аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар доданд, ба наҷотёфта кумаки аввалияи тиббӣ расонида шуда, ӯ ба ихтиёри мақомоти дахлдор супурда шуд, то ки […]

Asia-Plus

Наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар вилояти Суғд шоми рӯзи 15 июл сокини 19-солаи шаҳри Панҷакентро аз ғарқшавӣ дар Сирдарё наҷот доданд. Ҷавон худро аз болои пули Исмоили Сомонӣ ба дарё партофтааст.

Тавре аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар доданд, ба наҷотёфта кумаки аввалияи тиббӣ расонида шуда, ӯ ба ихтиёри мақомоти дахлдор супурда шуд, то ки сабабҳои ба ин амал даст заданашро ошкор намоянд.

Зимнан зикр гардид, ки бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои нохуш дар кӯлу дарё ва обанбору дигар ҷойҳои оббозии ҷумҳурӣ навбатдории шабонарӯзии воҳидҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода идома дорад.

Дар ҳамин ҳол, дар ҷаласаи ҷамъбасти фаъолият дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ раиси Кумита Рустам Назарзода қайд кард, ки дар ин самт фаъолиятро мебояд боз ҳам бештар тақвият бахшид, то ки ҳаёти шаҳрвандони ҷумҳурӣ, бахусус кӯдакон эмин нигоҳ дошта шавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.