АМВАОМТ ва Хабарнигорони бидуни марз озодии Хайрулло Мирсаидовро талаб карданд

Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ) ва шарики он – Созмони байнулмилалии «Хабарнигорони бидуни марз» ҷазои сангин нисбати Хайрулло Мирсаидовро маҳкум намуда, ин ҳодисаро хатари ҷиддӣ ба озодии баён дар ҷумҳурӣ унвон карданд. «Бо вуҷуди чандин маротиба инкор шудан аз ҷониби ҳукуматдорон, ҷазои бениҳоят сангин аз ангезаи сиёсӣ дар ин мурофиа гувоҳӣ медиҳад, […]

Asia-Plus

Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ) ва шарики он – Созмони байнулмилалии «Хабарнигорони бидуни марз» ҷазои сангин нисбати Хайрулло Мирсаидовро маҳкум намуда, ин ҳодисаро хатари ҷиддӣ ба озодии баён дар ҷумҳурӣ унвон карданд.

«Бо вуҷуди чандин маротиба инкор шудан аз ҷониби ҳукуматдорон, ҷазои бениҳоят сангин аз ангезаи сиёсӣ дар ин мурофиа гувоҳӣ медиҳад, – изҳор медорад роҳбари шуъбаи Аврупо Шарқӣ ва Осиёи Марказии созмон Йоханн Бир. – Мо озодии фаврии Хайрулло Мирсаидов ва баррасии беғаразонаи парвандаи ӯро дар зинаи болотар талаб мекунем. Аз ҳукуматдорони Тоҷикистон даъват мекунем, ки волоияти қонун дар кишвар ва озодии ҷараёни тафтишот дар масоили мавриди таваҷҷуҳи ҷомеаро таъмин созанд».

Дар изҳороти муштарак қайд мешавад, ки сарфи назар аз мавҷуд набудани муҳри махфӣ дар ин парванда, ҷараёни тафтишот «пушти ҳафт қуфл сурат гирифта, дастрасии ВАО ва ҷомеа маҳдуд шуда буд».

«Мо мӯшикофона ҷараёни тафтиши парвнадаи Мирсаидовро пайгирӣ намудем ва маҷбурем изҳор намоем, ки эътироз зидди низоми коррупсионӣ муқобили худаш нигаронида шуд, – илова мекунад раиси АМВАОМТ Нуриддин Қаршибоев. – Бо ин ҳукм суд умеди мардумро ба мубориза бо коррупсия зери хок мебарад, зеро акнун дигар касе аз ба забон овардани чунин далелҳо ба ҳарос меафтад».

Ҳукм нисбати Хайруло Мирсаидов дарҳол баъди содир шуданаш мавриди интиқоди шадид қарор гирифт. Дар изҳороти расмии Прокуратураи генералии Тоҷикистон зикр шуд, ки «муҳокима ва зери танқид қарор додани ҳукми суд аз ҷониби воситаҳои ахбори омма ҳамчун халалдор сохтани адолати судӣ арзёбӣ гардида, аз доираи этикаи касбии рӯзноманигор берун мебошад».

Ба ақидаи созмони «Хабарнигорони бидуни марз» ва АМВОМТ, изҳороти мазкур пурра оштинопазирӣ ва бетаҳаммулиро таҷассум намуда, талоши навбатии маҳдуд кардани ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандон ба озодии баён мебошад.

Қобили зикр аст, ки дар рейтинги байнулмилалии озодии баён, ки соли 2018 аз ҷониби созмони «Хабарнигорони бидуни марз» ба нашр расид, байни 180 давлат Тоҷикистон зинаи 149-умро ишғол мекунад.

Ёдрас мекунем, ки суди шаҳри Хуҷанд санаи 11 июл рӯзноманигор ва роҳбари дастаи «КВН Тоҷикистон» Хайрулло Мирсаидовро ба 12 соли зиндони низомаш шадид маҳкум намуд. Ҷониби ҳимояи Мирсаидов ҳукмро «ҷазои ниҳоят сангин» дониста, ният доранд, ки аз болои он ба зинаи болоӣ шикоят баранд. Дар ҳамин ҳол, адвокат Дилафрӯз Самадова қайд кард, ки суд гуноҳи Мирсаидовро дар ҳеҷ кадоме аз айбномаҳои пешниҳодшуда исбот накард.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.