Оилаи Хайрулло Мирсаидов ба давлат 124 ҳазор сомонӣ пардохт намуд

Оилаи рӯзноманигор ва роҳбари дастаи «КВН Тоҷикистон» Хайрулло Мирсаидов, ки ҳафтаи гузашта ба 12 соли зиндон маҳкум шуда, ба сифати ҷуброни зиёни муайяншуда аз ҷониби мақомоти тафтишоти ба нафъи давлат 124 ҳазор сомонӣ маблағ пардохт намуд. Дар ин хусус дар баёнияи ҷониби ҳимояи Мирсаидов, ки нусхааш имрӯз ба дасти «Азия-Плюс» расид, хабар дода мешавад. «Ин […]

Asia-Plus

Оилаи рӯзноманигор ва роҳбари дастаи «КВН Тоҷикистон» Хайрулло Мирсаидов, ки ҳафтаи гузашта ба 12 соли зиндон маҳкум шуда, ба сифати ҷуброни зиёни муайяншуда аз ҷониби мақомоти тафтишоти ба нафъи давлат 124 ҳазор сомонӣ маблағ пардохт намуд.

Дар ин хусус дар баёнияи ҷониби ҳимояи Мирсаидов, ки нусхааш имрӯз ба дасти «Азия-Плюс» расид, хабар дода мешавад.

«Ин маънои онро надорад, ки Хайрулло Мирсаидов, оилаи ӯ ва ҷониби ҳимоя  айберо,  ки  ба  Хайрулло  Мирсаидов  пешниҳод  карда  шуааст,  эътироф менамоянд, – омадааст дар баёния. – Оилаи  ӯ  ба  хулосае  омад,  ки  дар  шароити  ҷорӣ  маблағи  зиён  нисбат  ба арзиши озодии писарашон қобили муқоиса нест ва чунин иқдомро пеш гирифтанд. Умедворем, ки Хайрулло Мирсаидов дар рузҳои наздик ба озодӣ хоҳад баромад».

Ҳамчунин дар баёния қайд мешавад, ки тафтишот маблағи 45 ҳазор сомонӣ норасогиро  дар ҳисобот оид ба маблағҳои ба аъзои дастаи  КВН  дар давоми 4 соли охир додашуда ошкор намуд. Қисми асосии хароҷот берун аз ҳудуди кишвар ба амал омадааст ва  дар  ин  ҷо  далели  мубодилаи  асъор  ҷой  дорад.  Дар  ҳисоботҳои  молиявии Хайрулло  Мирсаидов  маълумотномаҳо  ва  пардохтварақаҳо  аз  бонку  бонкаматҳо оид ба мубодилаи асъор замима гардидаанд, вале тафтишот ҳангоми гузаронидани санҷиш  ин  амалро  ба  инобат  нагирифта,  қурби  мубодилаи  Бонки  миллии Тоҷикистонро  истифода  бурдааст,  ки  ба  ақидаи  ҷониби  ҳимояи  Хайрулло Мирсаидов  ба  талаботи  ягон  санади  меъёрӣ  ҷавобгӯ  нест.

Ғайр аз ин, дар баёния ҷониби ҳимоя изҳор мекунад, ки талаботи  моддаи  346  (Дидаю  дониста расонидани  хабари  бардурӯғ)  Кодекси  ҷиноятии  Тоҷикистон, ҷавобгарии  ҷиноятиро  барои  дидаю  дониста  расонидани  хабари  бардурӯғ  оид  ба содир  шудани  ҷиноят  пешбинӣ  намудааст.  Вале,  агар  маълумот  дар  бораи ҳуқуқвайронкунӣ,  рафтори бадахлоқона, талаботи ғайриқонунӣ, суханҳои ноҷо ва ғайра  бошад,  он  ҷиноят  дониста  намешаванд,  ва  гузашта  аз  он,  сабаби  ба ҷавобгарии  ҷиноятӣ  кашидан  буда  наметавонад.  Чунин  баёнот  таҳти  амали ҷавобгарии  ҷиноятӣ  қарор  намегирад,  ҳатто  агар  фарз  кунем,  ки  Хайрулло Мирсаидов  дурӯғ  гуфта  бошад  ҳам,  зеро  туҳмат  ҳанӯз  дар  соли  2015 декриминализатсия карда шуда буд!

«Дар  муроҷиати  худ  Хайрулло  Мирсаидов,  назари  Президенти  ҷумҳуриро, Прокурори Генералиро ва Роҳбари вилоятро  ба муаммо ва душвории  дастаи  КВН ҷалб  намуд  барои  бартараф  намудани  онҳо  кумак  мепурсад.  Мақсади  Хайрулло Мирсаидов ҳал намудани муаммои КВН,  ба ҷавобгарӣ кашидани  Олим Зоҳидзода нест  ва  маводҳои  дар  ВАО  нашршуда  расонидани  хабари  бардурӯғ  намебошад.

Ҳамчунин  худи  Олим  Зоҳидзода,  меҳисобад,  ки  маводи  Хайрулло  Мирсаидов туҳмату таҳқири оммавӣ шаъну шарафи у мебошад. Таҳқиру туҳмат ҷиноят набуда, дар мурофиаи гражданӣ барраси мегардад, на ҷиноятӣ», – омадааст дар баёния.

Дар фарҷом норозигӣ ба қарори суд изҳор шуда, изҳори ният мешавад, ки  аз болои  санади  суди    марҳилаи  якум  шикоят  бурда шуда, талош варзида хоҳад шуд, ки  зинаи болоӣ қарори одилона содир намояд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.