Тӯли шаш моҳ қарзи «Барқи тоҷик» боз 450 млн. сомонӣ афзуд

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Тӯли шаш моҳи соли равон қарзи ширкати «Барқи тоҷик» бидуни назардошти қарзҳое, ки барои амалисозии лоиҳаҳои электроэнергетикӣ ҷалб шудааст, 450 млн. сомонӣ (наздики 50 млн. доллар) афзуд.

Ба аввали нимсолаи дуюми соли 2018 қарзи умумии ширкати «Барқи тоҷик» 4 млрд. 145 млн. сомониро ташкил медиҳад, хабар дод вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода рӯзи 16 июл зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе.

Аз ҷумла, қайд кард ӯ, ширкат аз андоз – 109,2 млн. сомонӣ, аз нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» – 1 млрд. сомонӣ, нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» – 1 млрд. 221,5 млн. сомонӣ, ҶСК «Ориёнбонк» – 1,8 млрд. сомонӣ ва аз ҳисоби харид ва таҳвили ангишт – 14,8 млн. сомонӣ қарздор аст.

Қобили зикр аст, ки ҳаҷми умумии ин қарзҳо ба аввали соли равон 3,7 млрд. сомониро ташкил дода буд.

Маблағи қарзҳои ҷалбшуда барои амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба аввали соли ҷорӣ 11 млрд. сомониро ташкил медиҳанд.

Ҳамин тариқ, ҳаҷми умумии қарзҳои ширкати «Барқи тоҷик» ба зиёда аз 15,1 млрд. сомонӣ (беш аз 1,6 млрд. доллар) баробар аст.

Ёдрас мекунем, ки дар изҳороти ҳайати Хазинаи байнулмилалии асъор дар бораи навсозии сохтори ширкати «Барқи тоҷик» қайд шуда буд, ки зиёнҳои расида ба ширкат ба мавҷуд набудани ҳисоботдиҳӣ, шаффоф набудани идоракунӣ, ҳамчунин муқаррар кардани тарифҳои пасттар аз арзиши аслӣ барои корхонаҳои бузург марбут аст.

Ҳукумати Тоҷикистон охири моҳи апрел ба азнавсозии сохтори ШСХК «Барқи тоҷик» дастур дода, дар заминаи он ду ҷамъияти саҳҳомӣ – Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Шабакаҳои интиқоли барқ» ва Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ» таъсис дода мешаванд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...