Тӯли шаш моҳ қарзи «Барқи тоҷик» боз 450 млн. сомонӣ афзуд

Тӯли шаш моҳи соли равон қарзи ширкати «Барқи тоҷик» бидуни назардошти қарзҳое, ки барои амалисозии лоиҳаҳои электроэнергетикӣ ҷалб шудааст, 450 млн. сомонӣ (наздики 50 млн. доллар) афзуд. Ба аввали нимсолаи дуюми соли 2018 қарзи умумии ширкати «Барқи тоҷик» 4 млрд. 145 млн. сомониро ташкил медиҳад, хабар дод вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Тӯли шаш моҳи соли равон қарзи ширкати «Барқи тоҷик» бидуни назардошти қарзҳое, ки барои амалисозии лоиҳаҳои электроэнергетикӣ ҷалб шудааст, 450 млн. сомонӣ (наздики 50 млн. доллар) афзуд.

Ба аввали нимсолаи дуюми соли 2018 қарзи умумии ширкати «Барқи тоҷик» 4 млрд. 145 млн. сомониро ташкил медиҳад, хабар дод вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода рӯзи 16 июл зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе.

Аз ҷумла, қайд кард ӯ, ширкат аз андоз – 109,2 млн. сомонӣ, аз нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» – 1 млрд. сомонӣ, нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» – 1 млрд. 221,5 млн. сомонӣ, ҶСК «Ориёнбонк» – 1,8 млрд. сомонӣ ва аз ҳисоби харид ва таҳвили ангишт – 14,8 млн. сомонӣ қарздор аст.

Қобили зикр аст, ки ҳаҷми умумии ин қарзҳо ба аввали соли равон 3,7 млрд. сомониро ташкил дода буд.

Маблағи қарзҳои ҷалбшуда барои амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба аввали соли ҷорӣ 11 млрд. сомониро ташкил медиҳанд.

Ҳамин тариқ, ҳаҷми умумии қарзҳои ширкати «Барқи тоҷик» ба зиёда аз 15,1 млрд. сомонӣ (беш аз 1,6 млрд. доллар) баробар аст.

Ёдрас мекунем, ки дар изҳороти ҳайати Хазинаи байнулмилалии асъор дар бораи навсозии сохтори ширкати «Барқи тоҷик» қайд шуда буд, ки зиёнҳои расида ба ширкат ба мавҷуд набудани ҳисоботдиҳӣ, шаффоф набудани идоракунӣ, ҳамчунин муқаррар кардани тарифҳои пасттар аз арзиши аслӣ барои корхонаҳои бузург марбут аст.

Ҳукумати Тоҷикистон охири моҳи апрел ба азнавсозии сохтори ШСХК «Барқи тоҷик» дастур дода, дар заминаи он ду ҷамъияти саҳҳомӣ – Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Шабакаҳои интиқоли барқ» ва Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ» таъсис дода мешаванд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.