Tcell ва Coca-Cola ба саросари Тоҷикистон ид ҳадя мекунанд

Тобистон – замони таҷлил аз ҷашнҳои зебо, шабнишиниву сӯҳбатҳои хотирмон бо дӯстон, вақти хурсандиву вуқӯъи ҳодисаҳои аҷиб аст. Ду ширкати бузурги Тоҷикистон ба хотири ҷомеъа тасмим гирифтаанд, ки тарҳи муштаракеро барои баргузории ҷашнвораи хотирмону фаромӯшношуданӣ дар тобистон барои кулли тоҷикистониён таҳти унвони “Tcell&Coca-Cola Fest!” роҳандозӣ намоянд.    Ҷашнвора тайи ин муддат ба ҳама гӯшаву канори […]

Иттилоияи расмӣ

Тобистон – замони таҷлил аз ҷашнҳои зебо, шабнишиниву сӯҳбатҳои хотирмон бо дӯстон, вақти хурсандиву вуқӯъи ҳодисаҳои аҷиб аст. Ду ширкати бузурги Тоҷикистон ба хотири ҷомеъа тасмим гирифтаанд, ки тарҳи муштаракеро барои баргузории ҷашнвораи хотирмону фаромӯшношуданӣ дар тобистон барои кулли тоҷикистониён таҳти унвони “Tcell&Coca-Cola Fest!” роҳандозӣ намоянд.   

Ҷашнвора тайи ин муддат ба ҳама гӯшаву канори Тоҷикистон меравад ва ба ҳамватанонамон иди фаромӯшнашавандаро эҳдо мекунад! Даври аввали он аллакай анҷом ёфта, миқёси бузургу замони тӯлониро дар бар гирифт. Ид дар ин мӯҳлат дар 13 шаҳру ноҳия: Файзобад – Роғун – Нуробод – Тоҷикобод – Рашт – Сангвор – Дарвоз – Ванҷ – Рӯшон – Хоруғ – Ишкошим – Мурғоб ва Шуғнон баргузор гардид.

Ҷашнвораи тобистонаи Tcell ва Coca-Cola чӣ аст? Ин вақти шавқовару аҷиб ва хотирмон баргузоршуда аст! Ин баргузории озмуну бозиҳо, мусобиқаву чорабиниҳо дар ҳавои кушод дар беҳтарин варзишгоҳу боғҳои ҳар як шаҳру ноҳия аст. Ин имконияти беҳтарини бо оила будан, замони дур аз мушкилоти ҳаррӯзаи корӣ будан аст. Ҷашнвора дар ҳар шаҳр  аз 300 то 1000 нафарро новобаста аз синну сол гирди ҳам меорад, ки онҳо ҷашнвораро бо фазои гарму оғӯши боз, ҳамсон ба иди ҳақиқӣ истиқбол мекунанд. Аз ҳама асосӣ- сокинон дар ҷашнвора маълумоти муфид дар мавриди хидматрасонӣ ва пешниҳодҳои Tcell –ро ба даст меоранд. Онҳо масалан метавонанд  бастаи хидматрасониро аз ҷадвали G+ пайваст намоянд, ё барномаи “Чи Гап”-ро барои ҳамеша дар иртибот будан бо пайвандону наздикон васл кунанд.  

«Барои мо ҷашнвораи Tcell ва Coca-Cola – рухдоди бузург аст. Мо бовар дорем, ки ин ҷашнвора ба одамон аз гӯшаҳои дуртарини Тоҷикистон низ иди ҳақиқиро ба армуғон мебарад, зеро чунин иду ҷашнвораҳо барои онҳо камтар иттифоқ меуфтад. Барои тамошои барномаи ҳунарии ҳунармандону ҳаҷвнигорон сокинони манотиқи дурафтодаро зарур меояд, ки ба марказҳои маъмурии шаҳру  вилоят раванд, аммо на ҳама ин имконият ва вақти заруриро доранд. Мо идро ба назди онҳо мебарем, дилхушии хонаводагӣ муҳайё мекунем, тӯҳфаҳ тақдим менамоем ва эътимод дорем, ки хотироти хубе барои онҳо боқӣ мегузорем”,-  мегӯянд намояндагони ширкати  Tcell.

Дар наздиктарин фурсат ҷашнвораи муштараки Tcell ва Coca-Cola ба шаҳру навоҳии вилояти Суғд ва баъдан ба НТМ, сипас ба вилояти Хатлон ба сафар мебарояд

Ба наздикӣ ид ба шаҳри Шумо меояд!

____________

Tcell – бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED – Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.