Муддати як моҳ равуои автобусҳо ба шаҳрҳои Ӯзбекистон оғоз мегардад

Акмал Маннонов, Asia-Plus

Ояндаи наздик ба ҷуз хатсайри Хуҷанд – Тошканд, равуои автобусҳо байни шаҳрҳои дигари Тоҷикистону Ӯзбекистон оғоз мегардад.

Вазири нақлиёти Тоҷикистон Худоёр Худоёрзода зимни нишасти хабари дар ин робита изҳор намуд, ки барои ин каме вақт зарур буда, ба Вазорат супориш дода шудааст, ки дар муддати як моҳ ин масъаларо ҳал кунад.

«Дар давлатҳо барои ҳамлу нақли ҳам мусофирон ва ҳам бор боҷҳои муайян амал мекунанд. Баъди имзои созишомаи байниҳукуматӣ ҳукумати Ӯзбекистон бо қарори дахлдори худ боҷи иловагӣ барои вуруд ва транзити воситаҳои нақлиёт ва автобусҳоро аз Тоҷикистон бекор кард», – иброз дошт ӯ.

Бино ба гуфтаи вазир, дар вохӯрии чанде қабли намояндагони мақомоти нақлиёти ҳарду кишвар зикр шудааст, ки ба Тоҷикистон низ дар бораи бекор кардани ҳамаи боҷҳо ба вуруди автобусҳо аз кишвари ҳамсоя қарор қабул намудан зарур аст.

«Хароҷоти мавҷуда ба пардохти боҷҳо дар Тоҷикистон ба нархи билетҳо аз Ӯзбекистон таъсир мерасонанд. Протокол ба имзо расида, ани замон Раёсати наклиёти заминии Вазорат онро бо вазорату идораҳои дахлдори кишвар мувофиқа мекунад ва дар муддати як моҳ равуои автобусҳо ҳам аз Тоҷикистон ва ҳам аз Ӯзбекистон оғоз мегардад», – қайд кард Худоёрзода.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...