Тафтиши парвандаи таркиш дар ШВКД Бохтар ба итмом расид

Прокуратураи вилояти Хатлон тафтиши парвандаи ҷиноиро аз рӯи далели таркиш дар назди Шуъбаи ВКД дар шаҳри Бохтар (собиқ Қӯрғонтеппа) ба итмом расонид. Таркиш санаи 1 декабри соли 2017 замони аз ҷониби капитан Зоҳидзода бақайдгирии аслиҳа ва муҳимот рух дод. Прокурори вилояти Хатлон Насрулло Маҳмудзода зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки  парванда нисбати […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои Asia-Plus

Прокуратураи вилояти Хатлон тафтиши парвандаи ҷиноиро аз рӯи далели таркиш дар назди Шуъбаи ВКД дар шаҳри Бохтар (собиқ Қӯрғонтеппа) ба итмом расонид. Таркиш санаи 1 декабри соли 2017 замони аз ҷониби капитан Зоҳидзода бақайдгирии аслиҳа ва муҳимот рух дод.

Прокурори вилояти Хатлон Насрулло Маҳмудзода зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки  парванда нисбати нозири минтақавӣ аз рӯи ду моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон – 108 (Аз беэҳтиётӣ ба марг расондан) ва 322 (Хунукназарӣ) боз шуд, ки норинҷакпартои дастии зиддитанкиро (РПГ)-ро дарёфт намуда буд.

Прокурор аз ифшои ному насабаи нозири минтақавӣ худдорӣ варзида, танҳо илова намуд, ки парванда ҷиҳати омӯзиш ба Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ фирстода шуда, сипас ба баррасии суд ирсол мегардад.

Моҳи декабри соли 2017 Вазорати корҳои дохилӣ таркиш дар бинои Шуъбаи ВКД дар шаҳри Қӯрғонтеппаро ҳодисаи нохуш номида буд. Дар Вазорат зикр карда буданд, ки ҳодиса дар натиҷаи таркиши норинҷакпартои дастии зиддитанкӣ, ки дар дохилаш тир дошт, ба амал омад.

Бар асари ин таркиш муфаттиши навбатдори шуъба капитан Муҳиддин Зоҳидзода ҳалок шуд, ки дар ин вақт рақамҳои муҳимоти ҷангии дарёфтшуда дар яке аз ноҳияҳои Бохтарро ба қайд мегирифт. Аз замони ҷанги шаҳрвандӣ ин ҷо то ҳанӯз аслиҳаву муҳимоти зиёди пинҳоншуда боқӣ мондааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.