Оғози сохтмони зеристгоҳи барқии «Темурмалик» дар Хуҷанд

Дар шаҳри Хуҷанд ба оғози сохтмони зеристгоҳи барқии «Темурмалик санги асос гузошташуд, ки панҷумин зеристгоҳи бузурги барқӣ дар шаҳри Хуҷанд ба шумор меравад. Дар маросими оғози сохтмони зеристгоҳ раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Насим Олимзода, муовини раиси ШСХК «Барқи тоҷик» Ғолибшоҳ Убайдуллозода ва раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода […]

Asia-Plus

Дар шаҳри Хуҷанд ба оғози сохтмони зеристгоҳи барқии «Темурмалик санги асос гузошташуд, ки панҷумин зеристгоҳи бузурги барқӣ дар шаҳри Хуҷанд ба шумор меравад.

Дар маросими оғози сохтмони зеристгоҳ раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Насим Олимзода, муовини раиси ШСХК «Барқи тоҷик» Ғолибшоҳ Убайдуллозода ва раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ҳузур доштанд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, зеристгоҳи нави барқии «Темурмалик» бо харҷи 4 миллион доллари Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд сохта ва ба истифода дода мешавад. Дар ин зеристгоҳ 2 трансформатор бо иқтидори 25 000 кВТ. Ампера бо шиддати 110/10 кВТ насб мегардад.

Гуфта мешавад, ин имкон медиҳад, ки кори 4 зеристгоҳи дигари шаҳрро камбор намуда, таъмини барқро муваффақона роҳандозӣ намояд. Ҳамчунин ин зеристгоҳ имкон дорад, ки талафоти неруйи барқро аз 23 то 9 фисад кам намояд.

Зимнан зикр мегардад, ки лоиҳаи мазкур барои системаи барқрасонии шаҳри Хуҷанд хеле муҳим аст, зеро зеристгоҳҳои мавҷудаи шаҳр дар ҳадди ниҳоии иқтидори худ фаъолият карда, бо назардошти афзудани муштариён, дигар имкони бардошти шиддати талаботи истифодабарандагони барқро надоштанд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд, Дар маҷмуъ зеристгоҳи барқии нав ба беш аз 25 000 муштариён, аз ҷумла ба зиёда аз 150000 аҳолии шаҳри Хуҷандро бо неруйи барқи хушсифат таъмин менамояд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио