Боздошти яке аз гумонбарони куштори варзишгари маъруфи Қазоқистон

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии Қазоқистон, зимни баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯйӣ шахсони дастдошта ба куштори варзишгари маъруфи Қазоқистон, раққоси рӯи ях Денис Тен муайян карда шуданд. Бино ба иттилои хабаргузории CA-News, яке аз гумонбарон боздошт ва дар тавқифгоҳи муваққатӣ қарор дошта, нисбати гумонбари дуюм тадбирҳои ҷустуҷӯӣ идома доранд. Дар прокуратураи Алмаато хабар додаанд, ки боздоштшуда […]

Asia-Plus

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии Қазоқистон, зимни баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯйӣ шахсони дастдошта ба куштори варзишгари маъруфи Қазоқистон, раққоси рӯи ях Денис Тен муайян карда шуданд.

Бино ба иттилои хабаргузории CA-News, яке аз гумонбарон боздошт ва дар тавқифгоҳи муваққатӣ қарор дошта, нисбати гумонбари дуюм тадбирҳои ҷустуҷӯӣ идома доранд.

Дар прокуратураи Алмаато хабар додаанд, ки боздоштшуда Нурали Қиёсови 24-сола, зодаи вилояти Ҷамбул аст. Тибқи маълумоти прокуророн, Қиёсов дар ҳузури адвокат ба амали содиркардааш иқрор шудааст.

Ёдрас мекунем, ки дар шаҳри Алматои Қазоқистон варзишкор, қаҳрамони Осиё Денис Тен бо зарби корд кушта шуд. Ӯ 25 сол дошт.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, шаби 19 июл ду фарди ношинос ба ҷисми Денис бо корд ҳамла карда,, Денис ба бемористон интиқол дода шуд.

"Вай дар шуъбаи эҳё бистарӣ шуд. Ҷарроҳиаш ду соат давом кард. Табибон ҳамаи талошашонро карданд. Аммо ҷароҳат вазнин буд", – гуфтааст сардухтури беморхонаи шаҳрии №12 Ержан Куттикожин.

Гуфта мешавад, Нурсултон Назарбоев, президенти Қазоқистон ба наздикон ва пайвандони Денис Тен изҳори ҳамдардӣ кард.

Мақомот изҳор доштаанд, ки ду фарди ношинос мехостанд, оинаи мошини ӯро рабоянд, аммо Денис Тен садди роҳи онҳо шуда, дар ҳамин ҳолат афроди ношинос ба ӯ бо корд ҳамла карданд. Парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.

​Зимнан зикр мегардад, ки варзишкорон ва мухлисон аз саросари ҷаҳон дар робита ба фавти Денис Тен изҳори ҳамдардӣ мекунанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.