«Ориёнбонк» далели таъсиси ширкат бо чиниҳо оид ба фурӯши оби Сарезро рад мекунад

Бонки тиҷоратии «Ориёнбонк» имзои шартномаҳоро дар бораи таъсиси корхонаҳо оид ба коркард ва фурӯши захираҳои обии кӯли Сарез қотеъона рад мекунад. «Байни ҶСК «Ориёнбонк» ва ширкати Heaven Springs Harvest Group ва маҳз муассиси он ҷаноби Дато Шри Байма Аосе дар бораи ҳусни тафоҳум ва ҳамкорӣ ёддошт ба имзо расид. Лекин Ёддошти баимзорасида ба фаъолияти Фонди […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Бонки тиҷоратии «Ориёнбонк» имзои шартномаҳоро дар бораи таъсиси корхонаҳо оид ба коркард ва фурӯши захираҳои обии кӯли Сарез қотеъона рад мекунад.

«Байни ҶСК «Ориёнбонк» ва ширкати Heaven Springs Harvest Group ва маҳз муассиси он ҷаноби Дато Шри Байма Аосе дар бораи ҳусни тафоҳум ва ҳамкорӣ ёддошт ба имзо расид. Лекин Ёддошти баимзорасида ба фаъолияти Фонди байнулмилалии хайрияи BAIMA AOSE дахл дорад, ки муассисаш ҷаноби Дато Шри Байма Аосе мебошад», – қайд мешавад дар посухи хаттии ҶСК «Ориёнбонк» ба дархости дахлдори «Азия-Плюс».

Дар бонк зикр мекунанд, ки фонди BAIMA AOSE як қатор лоиҳаҳои хайриявиро дар Тоҷикистон амалӣ карданист.  

«Зимни вохӯриву гуфтушунидҳо дар бораи таъсиси корхонаҳо оид ба коркард ва фурӯши оби кӯли Сарез ё дигар сарчашмаҳои обӣ қарордоде баста нашудааст», – омадааст дар посухи бонк.

Зимнан зикр мегардад, ки ҳама гуна сарчашмаҳои об, аз ҷумла кӯли Сарез моликияти давлат ва мардуми Тоҷикистон буда, бидуни дастури махсуси ҳукумати кишвар бо ҳадафҳои тиҷоратӣ истифода шуда наметавонанд.

Қаблан ВАО-и хориҷӣ бо истинод ба дафтари матбуоти Heaven Springs Harvest Group хабар дода буданд, ки бонки тиҷоратии «Ориёнбонк» ва ширкати Heaven Springs Harvest Group ҷиҳати таҳияи лоиҳаҳои муштарак дар бахши табодули об ва таъсиси корхона оид ба фурӯши захираҳои обии кӯли Сарез дар кишварҳои Осиёи Марказӣ созишнома дар бораи шарикии стратегӣ ба имзо расониданд.

Дар «Ориёнбонк» мегӯянд, маълумоти нашршударо дар сомонаи расмии Heaven Springs Harvest Group шарҳ дода наметавонанд, аммо далели таъсиси ширкат оид ба коркард ва фурӯши обро комилан рад мекунанд.

«Дархост мекунем, ки аз рӯи ҳамаи масъалаҳои ба фаъолияти Heaven Springs Harvest Group дахлдошта бевосита ба намояндагони ин ширкат муроҷиат намоед», – тавсия медиҳанд дар «Ориёнбонк».

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти сомонаи расмии Heaven Springs Harvest Group ҷаноби Дато Шри Байма Аосе моҳи июли соли равон дар ҳайати намояндагони СММ аз кӯли Сарез боздид намудааст.

Ширкати Heaven Springs Harvest Group дорои беш аз 80 патенти байнулмилалӣ дар доираи низоми WIPO PCT мебошад, ки 152 кишвари дунёро фаро мегирад.

ҶСК «Ориёнбонк» яке аз бузургтарин бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон буда, тибқи маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, ҳаҷми сармояи оинномавиаш зиёда аз 440 млн. сомониро ташкил медиҳад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.