Ализода: ҳукумат ба Кумитаи ҳуқуқи башари СММ аз рӯи парвандаи Зайд Саидов посух мегӯяд

Ҳукумати Тоҷикистон ояндаи наздик ба Кумитаи ҳуқуқи башари СММ аз рӯи парвандаи Зайд Саидов посух мегӯяд, гуфт зимни нишасти хабарии рӯзи 19 июл Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Тоҷикистон Зариф Ализода. Дар ҳамин ҳол, ӯ таъкид дошт, ки «Тоҷикистон қотеъона ба изҳороти чанде аз ниҳодҳо дар бораи гӯё бо ангезаҳои сиёсӣ маҳкум шудани Зайд Саидов […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Ҳукумати Тоҷикистон ояндаи наздик ба Кумитаи ҳуқуқи башари СММ аз рӯи парвандаи Зайд Саидов посух мегӯяд, гуфт зимни нишасти хабарии рӯзи 19 июл Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Тоҷикистон Зариф Ализода.

Дар ҳамин ҳол, ӯ таъкид дошт, ки «Тоҷикистон қотеъона ба изҳороти чанде аз ниҳодҳо дар бораи гӯё бо ангезаҳои сиёсӣ маҳкум шудани Зайд Саидов розӣ нест».

«Дар қонунгузории Тоҷикистон умуман аз рӯи ангезаҳои сиёсӣ ҷазо пешбинӣ нашудааст. Ӯ барои қаллобӣ, порагирӣ, таҷовуз ба номус, серзанагӣ, ғайриқонунӣ аз озодӣ маҳрум кардан, сохтакории ҳуҷҷатҳо ва хусусигардонии ғайриқонунӣ маҳкум шуд», – гуфт ӯ.

Кумитаи ҳуқуқи башари СММ аз ҳукумати Тоҷикистон даъват кард, ки соҳибкор ва мухолиф Зайд Саидов озод карда шуда, ҳукмаш бекор ва парвандааш бозбинӣ шавад.

Дар протоколи қабулшуда зикр мегардад, ки Кумита аз моҳи апрели соли 2015 парвандаи Садовро мавриди омӯзишу таҳлил қарор дода, ба хулосае расидааст, ки ҳукумати Тоҷикистон дар чор моддаи ин санад ба вайрон кардани меъёрҳои сершумори Аҳди байнулмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои сиёсӣ ва шаҳрвандӣ ва роҳ додааст.

Кумита аз ҳукумати Тоҷикистон даъват намуд, ки дар муддати 180 рӯз қонуншиканиҳоро бартараф намояд. Аз ҷумла, «ҳукм нисбати Саидовро бекор карда, ӯро озод намояд ва дар сурати зарурат бозбинии нави парвандаро мутобиқи усулуҳои воқеъият, эҳтимоли бегуноҳӣ ва дигар расмиёт таъмин созад».

Дар Санад ҳамчунин зикр мешавад, ки «ба Саидов ҷуброни муносиб пардохта шуда», дар мавриди минбаъд такрор нашудани чунин амалҳо тадбирҳо андешида шаванд.

Ёдрас мекунем, ки собиқ вазири саноати Тоҷикистон, соҳибкор Зайд Саидов 19 майи соли 2013 дар фурудгоҳи Душанбе пас аз бозгашт аз шаҳри Париж боздошт шуд. Ин амал баъди аз ҷониби ӯ эълон кардани нияти таъсис ҳизби «Тоҷикистони нав» сурат гирифт. Рӯзи дигар вакилони маҷлиси шахри Душанбе ваколати дахлнопазирии ӯро ҳамчун вакил бекор карданд.

Санаи 25 декабри соли 2013 ӯ ба 26 соли зиндон бо мусодираи амвол маҳкум шуд. Рӯзи 11 августи соли 2015 барои содир намудани ҷиноятҳои иқтисодӣ ба муҳлати зиндони Зайд Саидов боз 3 соли дигар илова шуд. Тӯли дуним сол корхонаҳои саноатии муталлиқ ба ӯ пурра ё қисман мусодира  ва миллӣ карда шуданд. Амволи ӯ ва фарзандонаш мусодира шуд. Ҳамчунин суд Саидовро ба пардохти 34 млн. сомонӣ ҷарима уҳдадор кард.

Санаи 20 ноябри соли 2015 Суди олии ҷумҳурӣ шикояти кассатсионии тоҷир Зайд Саидовро барраси намуда, ҳукми қаблан содиршударо бетағйир боқӣ гузошт. Зайд Саидов ҳукми зиндонашро дар маҳбаси Роҳатӣ, маъруф ба зиндони "Кирпичний” адо мекунад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.