ФБД: Барои ба хориҷи кишвар рафтани Ҳамза Тиллозода ҳеҷ монеъае вуҷуд надорад

– Барои ба хориҷи кишвар рафтани Ҳамза Тиллозодаи 4-сола ҳеҷ монеъа ё манъкуние вуҷуд надорад, – хабар дод имрӯз ба «Азия-Плюс» муовини сардори гузаргоҳи назорати сарҳадии Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе (ФБД) подполковник Шараф Пиров. Ба гуфтаи Пиров, то имрӯз ҳеҷ касе аз наздикони Иброҳим (Ҳамза) Тиллозода, набераи раиси Ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон манъшудаи наҳзати исломӣ Муҳиддин […]

Asia-Plus

– Барои ба хориҷи кишвар рафтани Ҳамза Тиллозодаи 4-сола ҳеҷ монеъа ё манъкуние вуҷуд надорад, – хабар дод имрӯз ба «Азия-Плюс» муовини сардори гузаргоҳи назорати сарҳадии Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе (ФБД) подполковник Шараф Пиров.

Ба гуфтаи Пиров, то имрӯз ҳеҷ касе аз наздикони Иброҳим (Ҳамза) Тиллозода, набераи раиси Ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон манъшудаи наҳзати исломӣ Муҳиддин Кабирӣ дар мавриди ба хориҷи кишвар бурдани ӯ ба онҳо муроҷиат накардаанд.

«Агар онҳо бо шиноснома ва раводиди дахлдор оянд, ҳеҷ касе ба онҳо гузаштани сарҳад ва берун рафтани аз кишварро манъ намекунад», – қайд кард подполковник Пиров.

Ӯ ҳамчунин маълумоти гӯё аз модари кӯдак – Мижгона Зайниддинова гирифтани ҳуҷҷатҳояшро рад намуд.

«Ин маълумот асоси воқеӣ надорад, кормандони гузаргоҳҳои сарҳадӣ ҳеҷ гоҳ ҳуҷҷатҳои шаҳрвандони Тоҷикистонро мусодира намекунанд, аз ҷумла ҳуҷҷатҳои Мижгона Зайниддиноваро. Модари кӯдак дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтааст, ки онҳо ҳуҷҷатҳояшонро гум кардаанд», – изҳор дошт Шараф Пиров.

Зимнан зикр гардид, ки барои гирифтани ҳуҷҷатҳо ягон монеъае вуҷуд надошта, барои ин ба мақомоти дахлдор муроҷиат кардан зарур аст, то ки кӯдакро барои муолиҷа ба хориҷи кишвар баранд.

Қобили зикр аст, ки чанде пеш дар портали Change.org ба дастгирии Иброҳим (Ҳамза) Тиллозода ҷамъоварии имзоҳо оғоз гардида, созмондиҳандагони ин аксия иттилоъ медиҳанд, ки кӯдак аз бемории саратон азият мекашад, лекин ӯро барои ба табобат рафтан ба хориҷи кишвар иҷозат намедиҳанд.

Руҳулло Тиллозода, падари кӯдак чанд сол пеш Тоҷикистонро тарк карда буд. Ҳукуматдорон ӯро ба мисли раиси ҲНИТ дар дастгирии исёни мусаллаҳи собиқ муовини вазири мудофиа Абдуҳалим Назарзода гунаҳкор медонанд. Гӯё бо супориши падараш Муҳиддин Кабирӣ ӯ ба генерал барои тайёрӣ ба ошӯби мусаллаҳона беш аз 1 млн. доллар маблағ додааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.