Собиқадори ОМОН: зимни камтарин гумони истифодаи силоҳ ҷинояткорон кушта мешаванд

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

– “Ҷинояткоронро зинда дастгир кардан ё аз байн бурдан” – ҳамааш маҳз ба чӣ гуна фармон содир шудан вобаста аст, – гуфт дар мусоҳиба ба “Азия-Плюс” собиқадори Дастаи таъиноти махсуси милитсия (ОМОН)-и ВКД Тоҷикистон дар посух ба саволи бо чӣ сабаб безарар гардонида шудани ҷинояткорони дастдошта дар куштори сайёҳони хориҷӣ.

Номбурда замоне дар якчанд амалиёти махсуси дастгир ё безарар гардонидани аъзои гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ иштирок кардааст.

Полковники мустаъфии милитсия бидуни ифшои ному насаб изҳор намуд, ки маъмулан ба ин гуна амалиёт ҷангиёни ОМОН, ВКД ва гурӯҳи “Алфа”-и КДАМ Тоҷикистон сафарбар мешаванд.

“Пас аз ошкор шудани макони пинҳоншавии ҷинояткорон, аз ҳисоби ҷангиёни воҳидҳои махсус гурӯҳҳои иҳотаи гирду атрофи пинҳонгоҳ, мерганҳо (снайперҳо), мушоҳидон, боздошт ва ҳамла таъсис дода шуда, аҳолии иқоматдошта дар наздикии маҳалли баргузории амалиёт бояд ба ҷойи бехавф кӯчонида шавад”, – гуфт манбаъ.

Ба гуфтаи ӯ, гурӯҳи мерганҳо ва ҳамлагарон зимни гумони камтарини истифодаи ҳама гуна навъи аслиҳа аз ҷониби ҷинояткорон ё эҷоди хатар ба ҳаёти кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, метавонанд барои куштани онҳо оташ кушоянд.

“Лекин баъзан фармонҳое чун “ба ҳар қимат зинда дастгир кардан” содир мешавад. Дар ин ҳолатҳо ҷангиён ҳатто ба ивази ҷони худ ба иҷрои фармон уҳдадор мешаванд. Дар таҷрибаи кори ман чунин фармонҳо содир нашуда буданд”, – илова кард коршинос.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...