Раиси Хуҷанд ба пешгирии фурӯши асбобу лавозимоти мактабии пастсифат дастур дод

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба ярмарка-фурӯши лавозимот ва либоси ягонаи мактабӣ бо иштироки васеъи хонандагону кормандони соҳаи маорифи шаҳр дар назди китобхонаи вилоятиии ба номи Тошхоҷа Асирӣ ҳусни оғоз бахшид. Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳр, Маъруф Муҳаммадзода зимни боздид аз растаи фурӯшандагони молҳои полиграфӣ ба фурӯшандагон доир ба дастрасии нарх ва сифати […]

Asia-Plus

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба ярмарка-фурӯши лавозимот ва либоси ягонаи мактабӣ бо иштироки васеъи хонандагону кормандони соҳаи маорифи шаҳр дар назди китобхонаи вилоятиии ба номи Тошхоҷа Асирӣ ҳусни оғоз бахшид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳр, Маъруф Муҳаммадзода зимни боздид аз растаи фурӯшандагони молҳои полиграфӣ ба фурӯшандагон доир ба дастрасии нарх ва сифати он дастуру супоришҳо дода, таъкид дошт, ки ба хонандагон набояд дафтару қалам ва хомаи пастсифат пешниҳод гардад, ки ба саломатии эшон зарар орад.

Гуфта мешавад, раиси шаҳр ҳамчунин қайд кардааст, ки дар маҳаки асосии фаъолияти фурӯшандагон бояд сифати молу маҳсулот қарор гирад.

“Бояд мақомоти назоратии соҳа ба ин масъала низ таваҷҷуҳ зоҳир намоянд. Аз фурӯши молу маҳсулот бо аксҳои тарғиботи зӯроварию ба фарҳанги мо бегона ҷилавгирӣ карда шавад”,- гуфтааст ӯ.

Маъруф Муҳаммадзода ҳангоми шиносоӣ аз растаи либосҳои ватанӣ ба анвои он ва матоъҳои истеҳсоли ватанӣ таваҷҷуҳ намуда, таъкид дошт, ки тамоми корхонаҳои шаҳр, ки ба истеҳсоли либосҳои мактабӣ машғуланд бояд аз матоъҳои ватанӣ корбурд намоянд.

Зимнан зикр мегардад, ки дар соли хониши бо 12 коргоҳҳои дӯзандагии шаҳр шартнома ба имзо расонида шудааст ва ин корхонаҳо муваззаф гардидаанд, ки хонандагони шаҳро бо либоси мактабӣ таъмин намоянд.

Сипас аз тарафи раиси шаҳри Хуҷанд дар пайравӣ ба иқдомоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон, ки ба кӯдакони ятиму бепарастор ва оилаҳои камбизоат таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир менамояд, ба 200 нафар хонандагони шаҳр аз ин қишри ҷомеа сару либоси мактабӣ тақдим намуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.