Пешгирии қочоқи маводи доруворӣ аз Тоҷикистон ба Қирғизистон

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон рӯзи 14 август хабар дод, ки аз қочоқи маводи доруворӣ аз Тоҷикистон ба ин кишвар пешгирӣ кардааст. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, дар ҳудуди деҳаи Қизил-Жоли ноҳияи Бодканд микроавтобуси "Мерседес-Бентс Спринтер-311"-ро зери идораи як сокини ноҳияи Лайлаки ин кишвар боздоштаанд. Гуфта мешавад, ҳангоми бозҷӯӣ аз дохили мошин 46 […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон рӯзи 14 август хабар дод, ки аз қочоқи маводи доруворӣ аз Тоҷикистон ба ин кишвар пешгирӣ кардааст.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, дар ҳудуди деҳаи Қизил-Жоли ноҳияи Бодканд микроавтобуси "Мерседес-Бентс Спринтер-311"-ро зери идораи як сокини ноҳияи Лайлаки ин кишвар боздоштаанд.

Гуфта мешавад, ҳангоми бозҷӯӣ аз дохили мошин 46 баста, аз ҷумла 5 ҳазор қуттӣ стрептотсид, 1 ҳазору 100 қуттӣ линкомитсин ва 400 қуттӣ амарили макони истеҳсолаш номаълум дарёфт ва мусодира карда шудааст.

Қайд мешавад, ки мавод аз Тоҷикистон ба Қирғизистон бидуни пардохти боҷи гумрукӣ ва иҷозатномаи Вазорати тандурустии ин кишвар ворид карда шудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки Кумитаи амнияти Қирғизистон дар робита ба ин ҳодиса бо банди "Қочоқ" парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.