Сафири Британияи Кабир аз Хайрулло Мирсаидов ҳимоят кард

Asia-Plus

Сафири Британияи Кабир дар Тоҷикистон Ҳю Филпотт аз ҳукуматдорони Тоҷикистон даъват мекунад, ки ба шикояти таҷдиди назари ҳукми Хайрулло Мирсаидов ҷиддӣ муносибат кунанд.

«Итминони комил  дорам, ки ҳукми мусбии судӣ ва дастгирӣ ба манфиати Мирсаидов нишонаи он хоҳад шуд, ки Ҳукумати Тоҷикистон зидди ришвахӯрӣ ва ҳама намуд падидаҳои он бераҳмона мубориза мебарад, – навиштааст сафир. – Шояд ин парванда ангезаи сиёсӣ надошта бошад, аммо Ҳукумати Тоҷикистон ва мақомотҳои дахлдор бояд дарк намоянд, ки ин парванда барои тақвияти мубориза бар зидди ришвахӯрӣ, манфиати бунёди ҷомеъаи демократӣ ва беҳтар намудани фазои рушди иқтисодие, ки Тоҷикистон талоши онро дар ин вақтҳои мушкил дорад, аз ҷиҳати сиёсӣ хеле муҳим мебошад».

Ӯ бар ин назар аст, ки мактуби кушоди Мирсаидов оид ба ҷалб кардани диққати Роҳбари давлат ба амалиётҳои ғайриқонунии коррупсионии корманди давлатӣ мисоли барҷастаест, ки чӣ тавр дар ҷомеаи тарраққикарда фаъолияти бомасъул ва пайдоиши имкониятҳо барои саҳм гузоштани  шахрвандон ба беҳтар гардонидани манфиатҳои қонунии давлат ва рушти ҷомеаи демократӣ пайдо мешаванд.

Ба ақидаи дипломат, мубориза зидди ришвахурӣ раванди мушкил ва дарозмуддат аст ва бе ҳамкории муштараки мақомотҳои гуногуни давлатӣ ва шахсони фаъоли ҷамъият имконнопазир аст.

«Бояд ҷиддӣ дарк намуд, ки агар шахсони ришвахӯр имконияти нишон додани муқовимат, ҳимояи манфиатҳои худбинона ва авҷ додани муҳите, ки дар он муқовимат зидди ришва амали хатарнок ва беилоҷ менамояд, ришвахӯрӣ ҳамеша ғолиб мебарояд. Дар ин ҳолат, мубориза маъно надорад ва шахсони ришвахур ҷазои одилона нахоҳанд гирифт», – изҳор доштааст сафир.

Ёдрас мекунем, ки суди шаҳри Хуҷанд санаи 11 июл рӯзноманигор ва роҳбари дастаи «КВН Тоҷикистон» Хайрулло Мирсаидовро ба 12 соли зиндони низомаш шадид маҳкум намуд. Пас аз содир шудани ҳукми суд оилаи ба сифати ҷуброни зиёни муайяншуда аз ҷониби мақомоти тафтишотӣ ба нафъи давлат 124 ҳазор сомонӣ маблағ пардохт намуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...