Тоҷикистон гузаргоҳи “Кокул”-ро дар марз бо Афғонистон баст

Тоҷикистон гузаргоҳи “Кокул”-ро дар марз бо Афғонистон муваққатан баст. Гузаргоҳ баъди ба дасти гурӯҳи Толибон гузаштани гузаргоҳи “Ойхонум” дар Афғонистон, ки бо ноҳияи Фархори Тоҷикистон ҳамсарҳад аст, баста шуд. Тавре сухангӯи Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон Муҳаммад Улугхоҷаев ба “Азия-Плюс” дар ин робита хабар дод, сарфи назар аз тақвияти фаъолияти ҷангиёни ҳаракати Толибон дар минтақаҳои […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Тоҷикистон гузаргоҳи “Кокул”-ро дар марз бо Афғонистон муваққатан баст. Гузаргоҳ баъди ба дасти гурӯҳи Толибон гузаштани гузаргоҳи “Ойхонум” дар Афғонистон, ки бо ноҳияи Фархори Тоҷикистон ҳамсарҳад аст, баста шуд.

Тавре сухангӯи Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон Муҳаммад Улугхоҷаев ба “Азия-Плюс” дар ин робита хабар дод, сарфи назар аз тақвияти фаъолияти ҷангиёни ҳаракати Толибон дар минтақаҳои ҳаммарз бо Тоҷикистон, вазъ дар сарҳад босуботу бехавф аст.

“Вазъ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон пурра зери назорат аст, – итминон дод ӯ. – Аз рӯйдодҳои он сӯи марз мо огаҳем. Итимнон дода метавонам, ки то имрӯз аз ҷониби Афғонистон ҳеҷ гуна амалҳои иғвогарона нисбати Тоҷикистон сурат нагирифтааст”.

Номбурда таъкид дошт, ки ҳамчунин ҳеҷ гуна як кӯшиши ситезаҷӯёна ё ғайриқонунӣ гузаштани сарҳад низ ба қайд гирифта нашудааст.

Қобили зикр аст, ки дар сарҳади байни Тоҷикистону Афғонистон шаш гузаргоҳи марзӣ амал намуда, панҷтои он имрӯз бо реҷаи муқаррарӣ фаъолият доранд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.