Бозбинии парвандаи Хайрулло Мирсаидов мавқуф гузошта шуд

Барои иштирок дар мурофиаи бозбинии парвандаи ҳукми қаблан содиршуда нисбати рӯзноманигор ва роҳбари дастаи «КВН Тоҷикистон» Хайрулло Мирсаидов субҳи имрӯз назди бинои суди вилоят намояндагони Иттиҳоди Аврупо, сафорати ИМА, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, журналистон ва аъзои оилаи Мирсаидов – дар маҷмӯъ наздики 25 нафар ҷамъ омаданд. Аммо пеш аз оғози мурофиаи судӣ котиби суд назди ҳозирин баромада, […]

Asia-Plus

Барои иштирок дар мурофиаи бозбинии парвандаи ҳукми қаблан содиршуда нисбати рӯзноманигор ва роҳбари дастаи «КВН Тоҷикистон» Хайрулло Мирсаидов субҳи имрӯз назди бинои суди вилоят намояндагони Иттиҳоди Аврупо, сафорати ИМА, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, журналистон ва аъзои оилаи Мирсаидов – дар маҷмӯъ наздики 25 нафар ҷамъ омаданд.

Аммо пеш аз оғози мурофиаи судӣ котиби суд назди ҳозирин баромада, изҳор намуд, ки баргузории ҷаласа мавқуф гузошта мешавад.

Ӯ шарҳ дод, ки дар ҷараёни омодагӣ ба ҷаласа маълум шудааст, ки яке аз се нафар судяҳои ҳайати мушовара дар музокирот ва қабули қарори суди зинаи аввал иштирок кардааст. Бар ин асос ҳайати мушовара (коллегия) тасмим гирифтааст, ки ин судяро иваз мекунад. Судяи нав, дар навбати худ, бояд бо маводи парвандаи шинос шавад, ки ин вақтро металабад.

Мурофиа оид ба баррасии шикояти таҷдиди назар дар мавриди ҳукми суд нисбати Хайрулло Мирсаидов рӯзи 22 август соати 10:00 оғоз мегардад.

Дар ҳамин ҳол, тавре адвокатҳои Мирсаидов қайд карданд, мувофиқи регламент, зимни баррасии шикояти таҷдиди назар (кассатсионӣ) се нафар судяҳо иштирок мекунанд, ки яке аз онҳо вазифаи гузоришгарро иҷро мекунад.

«Лекин маълум шуд, ки гузоришгари ҳозира қаблан дар содир шудани қарори боздошт ва ба ҳабс гирифтани Мирсаидов иштирок доштааст. Мувофиқи қонунгузории Тоҷикистон, ин судя ба баррасии шикояти таҷдиди назар ҳуқуқ надорад», – гуфтанд онҳо.

Ин ҷо як масъала нофаҳмо боқӣ мемонад: чаро маҳз ҳамин рӯз маълум шудааст, ки як нафар аз судяҳо дар мавриди содир шудани қарори боздошт ва ҳабси Мирсаидов иштирок кардааст?

Ёдрас мекунем, ки суди шаҳри Хуҷанд санаи 11 июл рӯзноманигор ва роҳбари дастаи «КВН Тоҷикистон» Хайрулло Мирсаидовро ба 12 соли зиндони низомаш шадид маҳкум намуд. Пас аз содир шудани ҳукми суд оилаи ба сифати ҷуброни зиёни муайяншуда аз ҷониби мақомоти тафтишотӣ ба нафъи давлат 124 ҳазор сомонӣ маблағ пардохт намуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.