Болоравии арзиши симкорт то 250 сомонӣ ба хотири амният

Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки барои истифодаи симкортҳои ширкатҳои мобилии Тоҷикистон дар ҳаҷми 250 сомонӣ (26 доллар) нарх муқаррар намояд. Айни замон муштариён симкортҳоро бо нархи ночиз ҳамроҳ бо бастаи хизматгузориҳои ин ё он ширкат харидорӣ мекунанд. Дар Хадамоти алоқа изҳор намуданд, ки дар бораи ҷорӣ шудани чунин маблағи пардохти симкорт алҳол […]

Меҳрангез Турсунзода, Asia-Plus

Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки барои истифодаи симкортҳои ширкатҳои мобилии Тоҷикистон дар ҳаҷми 250 сомонӣ (26 доллар) нарх муқаррар намояд. Айни замон муштариён симкортҳоро бо нархи ночиз ҳамроҳ бо бастаи хизматгузориҳои ин ё он ширкат харидорӣ мекунанд.

Дар Хадамоти алоқа изҳор намуданд, ки дар бораи ҷорӣ шудани чунин маблағи пардохти симкорт алҳол санади расмӣ таҳия нашуда, аммо ин масъала мавриди баррасӣ қарор дорад, “то ки масъулияти доштани рақам нисбатан зиёдтар шавад”.

“Бархе аз муштариён тез-тез рақамҳояшонро иваз мекунанд, арзиши баланд инро пешгирӣ мекунад. Ғайр аз ин, симкортҳои ширкатҳои мобилии Тоҷикистон дигар камтар ба дасти шахсони тасодуфӣ меафтанд. Агар дар пойгоҳи маълумоти ВКД рақами мушаххас сабт шавад, пас танҳо соҳиби симкорт ба он масъул хоҳад буд”, – гуфт манбаъ.

Дар Хадамот ҳамчунин бар ин назаранд, ки тағйир ёфтани нархи симкортҳо фурӯши дубораи онҳоро низ боздошта, ҳамчунин бори дигар бақайдгирии симкорт ба номи соҳиби наваш низ 250 сомонӣ арзиш дорад.

Маълумот дар бораи ин навгониро ба “Азия-Плюс” дар ду ширкати мобилӣ тасдиқ намуда, лекин изҳор доштанд, ки алҳол дар ин хусус санади расмӣ ба онҳо нарасидааст.

Ёдрас мекунем, ки мувофиқи қарори қаблан қабулшудаи ҳукумат, ба як муштарӣ харидории ду симкорт ва ҳамчунин яктогӣ барои ҳар кадоме аз фарзанди ноболиғ дар оила иҷоза дода шудааст.

Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон чор ширкати мобилӣ – Babilon-Mobile, Tcell, Megafon-Tajikistan, Beeline нисбатан фаъол мебошанд. Соли гузашта 6,1 млн. адад симкортҳо дубора бақайд гирифта шуданд. Як ширкати мобилӣ ҳамасола ба ҳисоби миёна 300 ҳазор симкорт мефурӯшад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.