Ҳалокати мард ва писарчаи 10-сола дар садамаи нақлиёт

Бар асари ҳодисаҳои садамаҳои нақлиёт пеш аз ва дар рӯзи ҷашни Иди Қурбон ду нафар ба ҳалокат расиданд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, рӯзи Иди Қурбон, 21 август ронандаи автомашинаи тамғаи «Чанху» Суҳроб Хоркашов зимни ҳаракат аз деҳаи Трайд ба самти маркази ноҳияи Роштқалъа аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашина ба дарёи […]

Asia-Plus

Бар асари ҳодисаҳои садамаҳои нақлиёт пеш аз ва дар рӯзи ҷашни Иди Қурбон ду нафар ба ҳалокат расиданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, рӯзи Иди Қурбон, 21 август ронандаи автомашинаи тамғаи «Чанху» Суҳроб Хоркашов зимни ҳаракат аз деҳаи Трайд ба самти маркази ноҳияи Роштқалъа аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашина ба дарёи Шоҳдара чаппа мешавад, ки дар натиҷа мусофири 50-солаи он дар дарё ғарқ шудааст.

Гуфта мешавад, як рӯз пеш аз Иди Қурбон ронандаи автомашинаи тамғаи Opel Astra Маҳмадулло Шарифов ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди Ховалинг – Восеъ назорати идораи мошинро аз даст дода, Сорбон Насимҷони 10-соларо бо автомашина пахш мекунад, ки дар натиҷа писарчаи ноболиғ дар ҷойи ҳодиса ҳалок мешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбиву техникӣ созишнома ба имзо расониданд

Санад метавонад барои табодули силоҳ, технологияҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам оварад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.