Ба муборизони оянда бо коррупсия 86 доллар маош ваъда мекунанд

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон барои ишғоли вазифаҳои холӣ дар воҳидҳои худ бо маоши моҳонаи 806 сомонӣ (наздики 86 доллар) озмун эълон кард. Дар сомонаи Агентӣ дар ин робита қайд мешавад, ки довталабон бояд маълумоти олии касбии ҳуқуқшиносӣ ё иқтисодӣ дошта бошанд. Аз номзадҳо ҳамчунин донистани Конститутсияи Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии […]

Asia-Plus

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон барои ишғоли вазифаҳои холӣ дар воҳидҳои худ бо маоши моҳонаи 806 сомонӣ (наздики 86 доллар) озмун эълон кард.

Дар сомонаи Агентӣ дар ин робита қайд мешавад, ки довталабон бояд маълумоти олии касбии ҳуқуқшиносӣ ё иқтисодӣ дошта бошанд.

Аз номзадҳо ҳамчунин донистани Конститутсияи Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофгардида, ки масъалаҳои мубориза бо коррупсияро ба танзим медароранд, кор бо компютер, донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ талаб карда мешавад. Донистани забонҳои хориҷӣ ба инобат гирифта мешавад.

Дар маълумот ба ишғоли мансабҳои ёрдамчии директори Агентӣ оид ба супоришҳои махсус, нозири калони Раёсати ташкили кор ва назорат, нозири калони Раёсати кадрҳо, нозири калони Шуъбаи коргузорӣ ва қабули муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, нозири калони Бахши коргузории махфӣ озмун эълон шудааст.

Ба довталабон ба мансабҳои муфаттиши Бахши тафтишоти Раёсати Агентӣ дар ВМКБ ва ваколатдори оперативии Шуъбаи мубориза бо коррупсия ва ҷиноятҳои иқисодии характери коррупсионидоштаи Раёсати Агентӣ дар вилояти Хатлон дар ҳаҷми 628 сомонӣ (67 доллар) маоши моҳона муқаррар шудааст.

Гуфта мешавад, барои иштирок дар озмун аз доваталабон пешниҳоди аризаи шахсӣ ба номи Директори Агентӣ, варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона расми андозаи 4х6), тарҷумаи ҳол, нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот, нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳанатӣ надорад), маълумотнома дар бораи вазъи саломатӣ (шакли 038), нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда, маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк, нусхаи шиноснома, маълумотнома аз ҷои истиқомат, маълумотнома дар бораи ҳайати оила, хислатнома, нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд) ва  маълумотнома (справка-объективка) тақозо шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.