Тамдиди таҳримҳои Шӯрои амнияти СММ нисбати Гулмурод Ҳалимов

Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид рӯйхати нави таҳримҳояшро ба нашр расонид, ки дар он номи Гулмурод Ҳалимов – собиқ фармондеҳи Дастаи таъиноти махсуси милиса (ОМОН)-и ВКД Тоҷикистон низ зикр мешавад. Рӯйхат санаи 20 август нашр шуд. Дар феҳристи нави таҳримҳои Шӯрои амнияти СММ Ҳалимов дар саҳифаи 83 зери аломати рамзии QDi.372 ба сифати «коршиноси низомӣ», […]

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид рӯйхати нави таҳримҳояшро ба нашр расонид, ки дар он номи Гулмурод Ҳалимов – собиқ фармондеҳи Дастаи таъиноти махсуси милиса (ОМОН)-и ВКД Тоҷикистон низ зикр мешавад. Рӯйхат санаи 20 август нашр шуд.

Дар феҳристи нави таҳримҳои Шӯрои амнияти СММ Ҳалимов дар саҳифаи 83 зери аломати рамзии QDi.372 ба сифати «коршиноси низомӣ», «узв» ва «сарбозгир»-и созмони террористии Давлати исломӣ дарҷ ёфтааст. Ин маълумот дар бораи марги ӯро рад мекунад, зеро зимни навсозии рӯйхат номи фавтидагон дар он зикр намешавад.

Дар сомонаи Шӯрои амнияти СММ ҳамчунин хабар дода мешавад, ки Гулмурод Ҳалимов аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон ва Интерпол мавриди ҷустуҷӯ қарор дорад.

«Гулмурод Ҳалимов ба рӯйхат 29 феврали соли 2016 мутобиқи бандҳои 2 ва 4-и қатънома 2161 (2014) ҳамчун шахси алоқаманд бо «Ал-Қоида», иштирок дар маблағгузорӣ, тарҳрезӣ, мусоидат, омодагирӣ ё содир кардани амалҳои террористӣ, ё фаъолият дар Давлати исломӣ, ки ба номгӯй ба сифати «Ал_Қоида» дар Ироқ дохил аст, шомил гардид», – қайд мешавад дар сомонаи СММ.

Қобили зикр аст, ки Шӯрои амнияти СММ соли 2015 нисбати шахсону гурӯҳ, корхонаву ташкилоти алоқаманд ба Давлати исломӣ ва «Ал-Қоида» таҳримҳои унвонӣ ҷорӣ кард. Таҳримҳои Шӯрои амнияти СММ кишварҳои узви Созмонро ба қатъ (бастан)-и ҳама гуна суратҳисобу дороиҳо, манъи сафар ва додани ҳамагуна силоҳу муҳимот ба ин шахсон ва корхонаву ташкилотҳо уҳдадор мекунад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.