Автомашинаи сарвазири Ӯзбекистон ба садама дучор шуд

Додситонии кулли Ӯзбекистон дар бораи садамае бо иштироки сарвазири он кишвар хабар дод. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Абдулло Орипов, сарвазири Ӯзбекистон дар садама "ҷароҳати сабук бардоштааст". Гуфта мешавад, рӯзи 20 август дар километри 92-уми роҳи мошингарди "Қарасӯ-Бука-Бекобод" мошини навъи Damas бо мошини Mercedes-Benz-и сарвазир бархӯрд. «Дар натиҷа сарвазир ҷароҳати сабук ва муовини […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Додситонии кулли Ӯзбекистон дар бораи садамае бо иштироки сарвазири он кишвар хабар дод.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Абдулло Орипов, сарвазири Ӯзбекистон дар садама "ҷароҳати сабук бардоштааст".

Гуфта мешавад, рӯзи 20 август дар километри 92-уми роҳи мошингарди "Қарасӯ-Бука-Бекобод" мошини навъи Damas бо мошини Mercedes-Benz-и сарвазир бархӯрд.

«Дар натиҷа сарвазир ҷароҳати сабук ва муовини вай Алишер Султонов якбора чанд ҷароҳат бардошта, устухонҳояш шикастааст», – омадааст дар хабар.

Зимнан зикр мегардад, ки ба ҷуз ин, У. Қурбонов, як масъули дастгоҳи президент ва ронандаи мошин Р. Толипов маҷруҳ шудаанд.

"Ронандаи мошини Damas ва мусофиронаш ҳам маҷруҳ ва дар бемористон бистарӣ шуданд", – хабар додааст додситонӣ.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.