Боғи нав дар Кӯли ҷавонон. Бе насби аттраксионҳо

Дар мавзеи Кӯли ҷавонони Душанбе (собиқ Комсомол) то 9 сентябр боғи таъмиру навсозишуда мавриди истифода қарор мегирад. Дар боғ дигар аттраксионҳо насб намешаванд. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории Душанбе дар ин робита хабар дод, дар боғи нав кӯчабоғу гулгаштҳо, нимкат (харак)-ҳо барои нишаст, қаҳвахона ва фаввораҳо бунёд шудааст. Воридшавӣ ба боғи нав […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дар мавзеи Кӯли ҷавонони Душанбе (собиқ Комсомол) то 9 сентябр боғи таъмиру навсозишуда мавриди истифода қарор мегирад. Дар боғ дигар аттраксионҳо насб намешаванд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории Душанбе дар ин робита хабар дод, дар боғи нав кӯчабоғу гулгаштҳо, нимкат (харак)-ҳо барои нишаст, қаҳвахона ва фаввораҳо бунёд шудааст. Воридшавӣ ба боғи нав бепул мешавад.

Таъмир ва пурра навсозии Боғи ҷавонон таҳти назорати сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода қарор дорад.

Моҳи декабри соли гузашта тамоми аттраксион, дӯкону фурӯшгоҳ ва дигар иншооти дохил ва назди мавзеи боғ кӯчонида шуда, корҳои таъмиру навсозӣ оғоз гардиданд.

Қобили зикр аст, ки Кӯли ҷавонон сунъӣ буда, солҳои 1937-1939 сохта шудааст. Дарозии кӯл – 700 метр, бараш – на беш аз 300 метр ва ғунҷоишаш – 0,5 млн. метри мукааб об аст. Ҳудуди тамоми қаламрави боғ 29 гектар ва обанбор – 18,7 гектарро ташкил медиҳад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.